Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
07.11.2026, шаҳри Остона
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Пеш аз ҳама, ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Кемелевич Тоқаев барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос менамоям.
Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам бори дигар миннатдории худро ба Шумо, муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич, барои сарфароз гардонидани ман бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон – Ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ баён намоям.
Чунин баҳои баландро дар баробари саҳми ин ҷониб ҷиҳати рушду таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон ман, пеш аз ҳама, ба тамоми мардуми кишварам мансуб медонам.
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Ҳар як сафари мо ба Қазоқистони бародар дар хотираамон таассуроти нави хотирмон боқӣ мегузорад.
Моро дастовардҳои назарраси Қазоқистони дӯст дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ хушҳол мегардонанд.
Мо ислоҳоти солҳои охирро, ки ба фароҳам овардани заминаҳои устувор барои пешрафту шукуфоии минбаъдаи мутаносиби Қазоқистон равона гардидаанд, баланд арзёбӣ менамоем.
Музокироти имрӯза дар руҳияи муколамаи созандаи сиёсӣ, дар фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардиданд.
Мо доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи дуҷонибаро мавриди баррасии мушаххас қарор додем.
Изҳороти муштараке, ки аз рӯйи натиҷаҳои музокирот қабул гардид, самтҳои асосии рушди минбаъдаи ҳамкории моро муайян менамояд.
Зимни музокирот мо таваҷҷуҳи асосиро ба рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни кишварҳоямон равона кардем.
Садоқати худро ба таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва татбиқи пайгиронаи тавофуқоти ҳосилшуда тасдиқ намудем.
Вазифаи асосии имрӯза ва дурнамои наздикро дар ғанӣ гардонидани ҳамкории кишварҳоямон бо муҳтавои сифатан нав мебинем.
Дар ин замина ба тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Тамоюли мусбати рушди тиҷорати мутақобилро қайд намудем.
Ба мувофиқа расидем, ки ҷиҳати ба нишондиҳандаи мақсадноки ду миллиард доллар расонидани гардиши солонаи молу маҳсулот тадбирҳои иловагӣ андешем.
Дар ин робита аҳаммияти васеъ намудани номгӯйи маҳсулоти мутақобили таҳвилшаванда ва робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории ду кишварро таъкид кардем.
Натиҷаҳои Форуми тиҷоратие, ки дар арафаи сафар дар шаҳри Остона баргузор гардид, нишон медиҳанд, ки дар ин самт имконияти зиёди густариши минбаъдаи ҳамкорӣ мавҷуданд.
Мо ба мувофиқа расидем, ки фаъолияти ҳамоҳангшудаи вазорату идораҳои дахлдорро ҷиҳати татбиқи Нақшаи чорабиниҳои имрӯз қабулшуда оид ба зиёд намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти мутақобил то соли 2030 таъмин намоем.
Аз ҳавасмандии мутақобил барои афзоиши ҳамкории сармоягузорӣ изҳори назар кардем.
Дурнамои ҳамкории саноатӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва коркарди амиқи ашёи хоми маъданӣ, аз ҷумла металлҳои нодирро таъкид намудем.
Аҳаммияти афзалиятноки тавсеаи минбаъдаи робитаҳоро дар соҳаи комплекси агросаноатӣ қайд кардем.
Муҳиммияти зиёд намудани ҳаҷми таҳвили мутақобили маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин истифодаи платформаҳои рақамиро барои ҳамкории мустақими воридкунандагону содиркунандагони маҳсулот таъкид намудем.
Мо ба рушди долонҳои нақлиётӣ ва логистика, тавсеаи имконоти транзитӣ ва тиҷоратии давлатҳоямон таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир кардем.
Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намудем.
Масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти об ва иқлимро муҳокима кардем.
Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028 аҳаммияти махсус медиҳад.
Дар ин замина аҳаммияти ташаббуси Тоҷикистон оид ба таҳияи «Барномаи чорчӯбаи Душанбе оид ба масъалаҳои об»-ро таъкид намудем.
Барномаи мазкур бояд барои ҳамкории минбаъдаи байналмилалӣ дар соҳаи об пас аз анҷоми Даҳсола замина фароҳам оварад.
Муҳиммияти омодагии муштаракро ба Конфронси оби СММ, ки соли 2028 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таъкид кардем.
Дурнамои ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, аз ҷумла дар доираи лоиҳаи таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ намудем.
Ҳавасмандии худро ба тавсеаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ тасдиқ кардем.
Зарурати рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш таъкид гардид.
Ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардем.
Омодагии худро барои таҳкими ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва зуҳуроти радикализм тасдиқ намудем.
Масъалаҳои муқовимат ба ҷиноятҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллиро мавриди таваҷҷуҳ қарор додем.
Зимни музокирот масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намудем.
Дар ин робита мехоҳам бори дигар мавқеи тағйирнопазири Тоҷикистонро таъкид намоям: низоъҳо ва ихтилофҳо бояд танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ, дар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳал карда шаванд.
Мо омодагии худро барои идомаи ҳамоҳангсозии талошҳо дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ таъкид намудем.
Дӯстони гиромӣ
Мо сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистонро хеле баланд арзёбӣ менамоем.
Бовар дорем, ки татбиқи пайгиронаи тавофуқоти ҳосилшуда ва санадҳои ниҳоӣ имкон медиҳад, ки ҳамкорӣ ба нафъи шаҳрвандони кишварҳоямон густариш ёбад.
Ман Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Тоқаевро барои анҷом додани сафар ба Тоҷикистон даъват намудам.
Барои таваҷҷуҳатон изҳори сипос менамоям.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






