Барандаи «Шоҳҷоиза»-и озмуни «Мо бо шумоем!» — Шукрона Зоҳирова талош дорад дар «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» низ муваффақ гардад

Июль 4, 2021 09:09

ДУШАНБЕ, 04.07.2021 /АМИТ«Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 25 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе  Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мо бо шумоем!»  ҷамъбаст шуд ва барандагони Шоҳҷоизаи озмун, дипломи иштирокчӣ ва  мукофоти махсуси ҶДММ «Сарманзил» маълум гардиданд, ки яке аз онҳо  Шукрона Зоҳирова аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  мебошад. Ин иштирокчии наврас бо вуҷуди имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ, дар даври ниҳоӣ бо маҳорати баланди суханварӣ ва қироати шеър ҳайати ҳакамонро дар ҳайрат гузошт ва ба гирифтани «Шоҳҷоиза»-и озмун сазовор гардид. Рӯзноманигори ҳафтаномаи КИ ҲХДТ дар вилояти хатлон  «Ҳамрози халқ»  Маҳмадалӣ АКРАМОВ бо рӯзгори Шукрона Зоҳирова  аз наздик ошно шуда, доир ба таҳсилу илмомӯзии ӯ маводеро омода намудааст, ки дар зер онро пешниҳоди хонандагони сомона  менамоем.

ДАСТОВАРДИ ҒАЙРИЧАШМДОШТ

Дар даври ҷумҳуриявӣ ғолибон аз се ноҳия: Фахриддини Камолиддин аз ноҳияи Данғара аз рӯи номинатсияи «Суханварӣ ва қироати шеър», Муҳаммад Шоимов аз шаҳри Бохтар аз рӯи номинатсияи «Сурудхонӣ», Ҳасан Раҷабов ва Ҳусейн Раҷабов аз ноҳияи Дӯстӣ аз рӯи номинатсияи «Навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ» мебояд иштирок мекарданд. Ниҳоят аз Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастур шуд, ки дар рӯйхати иштирокчиён ду нафар ғолибони ҷойи дуюм ҳам ворид карда шаванд. Дар рӯйхати иштирокчиён Шукрона Зоҳирова аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз рӯи номинатсияи «Суханварӣ ва қироати шеър», Ҳусейни Ҷамшед аз шаҳри Кӯлоб аз рӯи номинатсияи «Сурудхонӣ» интихоб  гаштанд.

Як рӯз пеш аз озмун довталабон вориди пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе шуданд. 25 июн ҳам фаро расид ва он рӯз интизори он будем, ки ин дустрӯякон бо чӣ дастоварде ба вилоят бармегашта бошанд.

Тахмин соатҳои 16 телефони кориамон занг зад ва маро ба утоқи кории раиси кумита даъват карданд. Раис гуфт, ки Шукрона Зоҳирова иштирокчии мо аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар озмуни “Мо бо шумоем” соҳиби Шоҳҷоиза гардид. Акнун медонед, ки дар Шоҳҷоиза чӣ туҳфа муқаррар шудааст, пурсид раис…. Ман дар ҷавоб гуфтам шояд 10 ё 15 ҳазор сомонӣ бошад. Раис бо каме табассум,  хонаи дуҳуҷрагӣ аз шаҳри Душанбе гуфт. Ростӣ ин ҳеҷ дар тасаввур намеғунҷид. Сипас бо маслиҳати раис аз пайи навиштани мақола шудам.

 ШУКРОНА КИСТ?

11 ноябри соли 2011  дар деҳаи  «Тоҷикистони Сурх»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар оилаи Зоҳировҳо духтарчаи зебое ба дунё омад. Падар Бахтиёр Зоҳиров ва модар Миҷгона Зоҳирова бо маслиҳати калонсолони худ ба ӯ Шукрона ном гузоштанд. Баробари рӯз то рӯз бузург шудан дар Шукрона волидайн баъзан истеъдодҳои фавқудодаро мушоҳида мекарданд.

Дар оилаи онҳо 4 фарзанд тарбия меёбанд. Калонӣ Омина, дуюмӣ Шукрона, сеюмӣ Муҳаммад ва чорумӣ Муҳибулло.

Шукрона имрӯз хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти умумии        № 33-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Ӯ имсол дар озмуни ҷумҳуриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Мо бо шумоем”, ки байни кӯдакону наврасони имконияти маҳдуддошта роҳандозӣ шудааст, иштирок намуда, дар даври ноҳиявӣ соҳиби ҷойи аввал, дар даври вилоятӣ соҳиби ҷойи дуюм, дар даври ҷумҳуриявӣ соҳиби “Шоҳҷоиза” гардид.

 АЗ ЛАҲЗАҲОИ НОУМЕДӢ ТО ИФТИХОР

Бахтиёр Зоҳиров – падари Шукрона омӯзгор аст. Ӯ дар мусоҳиба бо мо иброз дошт, ки ҳамаи фарзандонамро дӯст медорам, аммо ба Шукрона дилсӯзиям бештар аст, зеро ӯ пойи равон надорад.

«Дар 7 моҳагӣ ба дунё омад, ростӣ ба зинда монданаш чандон умед ҳам надоштем, аммо Худованд, ки розӣ будааст ба ин рӯзҳо расидем. Шукрона ном гузоштанамон низ ба ҳамин хотир аст. Ӯ хислатҳои аҷибу фарқкунанда дорад. Оромтабиат аст, ба мисли дигар кӯдакон ҳар чиро дархост намекунад, то ба ӯ худат пешниҳод нанамоӣ. Доиман дар пайи мутолиа аст. Доим барои аз бар кардани шеъру тарона, достону ғазалҳо ба апа ва додаракону хоҳараш кумак мекунад. Аз ин дастоварди фарзандам хеле хушҳолам. Ростӣ то ин ҳад умед надоштам, ки соҳиби шоҳҷоиза мешавад, бо дастоварди фарзандам ифтихор мекунам» – изҳор намуд падари Шукрона.

 АЗ МУШОҲИДАҲОИ МОДАР

Миҷгона Зоҳирова – модари Шукрона аз роҳбарияти давлату ҳукумат изҳори миннатдорӣ баён менамояд, ки пайваста ба таври ройгон фарзандашро табобат мекунанд ва дар иду ҷашнҳо ғамхориҳояшон зиёд аст.

Модари Шукрона гуфт, ки ин духтар ҳангоме 6 моҳа буд, аллакай ба ҳарфзанӣ шурӯъ кард ва мо аз ин дар таъаҷҷуб афтидем. Дар 10 моҳагияш маълум шуд, ки ӯ ба бемории фалаҷи кӯдаконаи майнаи сар гирифтор аст. Аз ҳамон замон ба табобат шурӯъ кардем.

«Вақте яксола шуд,  оромтабиат буд, зеҳни хуб дошт. Аз яксолагӣ ба омӯзонидани китоби Алифбо шурӯъ намудем, дар дусолагӣ алифборо хатм кард. Аз ҳамон давра шеърҳои гуногуни шоирони классику муосирро ба хубӣ ҳифз мекард. Аз 2,5 солагӣ, 3 солагӣ дар чорабиниҳои ноҳиявӣ аллакай иштирок менамуд. Бештар мустақилона кор карданро дӯст медорад. Ба эҷодкорӣ машғул аст, баъзан шеърҳо эҷод мекунад» – иброз дошт модар.

 ИФТИХОР АЗ ИҚБОЛИ БАЛАНД

         «Хеле хурсандам ва миннатдории бепоёни худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамоям, чунки барои мо бачагони имкониятамон маҳдуд ғамхориҳои зиёд карда истодаанд»  – чунин изҳор намуд Шукрона ва ҳамчунин афзуд, ки ман дар ҷодаи шоирӣ навқалам ҳастам ва мехоҳам як шеъри эҷоднамудаи худро дар васфи Бобоҷони азизи хеш қироат намоям:

Эй Бобои меҳрубон,
Эй Шоҳи Тоҷикистон.
Ҳамчун хуршед дурахшон,
Эмомалии Раҳмон.
Эй марди тоҷикзабон,
Эй марди олимақом.
Эй нури Тоҷикистон,
Эмомалии Раҳмон.
Эй ғамхори ятимон,
Эй диловари ҷаҳон.
Эй дӯсти бенавоён,
Эмомалии Раҳмон

«Ман ба Бобоҷони азизам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда медиҳам, ки мактабро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, дар донишгоҳ дохил мешавам ва аввалин қаҳрамонзане хоҳам буд, ки аз сидқи дил ба ватани азизи худ хизмат хоҳад кард. Озмун хеле шаффоф гузашт ва ҳайати ҳакамон ба ман саволҳои зиёд доданд. Ман тавонистам, ки аз уҳдаи онҳо бароям ва ҳайати ҳакамон ба ман баҳои баланд гузоштанд.  58 китоб хондаам, зиёда аз 200 шеъри бадеӣ, зиёда аз 100 шеъри шоирони классику муосир ва ҳамчунин 100 рӯбоии Умари Хайёмро ҳифз кардаам. Аслан худ мустақилона меомӯзам ва дар баъзе мавридҳо модарҷони азизам ба ман кумак мекунанд.  Соли гузашта дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” соҳиби ҷойи аввал гардидам. Имсол кӯшиш дорам, ки дар озмуни мазкур ғолибиятро ба даст орад.  Дар озмуни “Донояк” низ иштирок карда, дар даври ноҳиявӣ соҳиби ҷойи дуюм гардидаам ва ба даври вилоятии ин озмун омодагӣ дида истодам» – иброз дошт Шукрона.

БО ДУОИ БИБӢ

Мавҷуда Бобоева – бибии Шукрона мегӯяд, аз оне, ки ҷисми Шукрона иллат дорад, аз ин хотир бештар ба ӯ таваҷҷуҳ мекунам. Бисёр мавридҳо ӯро бо аробача ба мактаб мебарам. Ба гуфтаи бибӣ Шукрона бисёр кӯдаки зирак, кунҷков ва мушоҳидакор аст. Суолҳои аҷиб медиҳад, ки дар посух гуфтанаш кас душворӣ мекашад.

«Баъзан дар роҳ мехоҳад, ки бо пойи худ равад, аммо душворӣ мекашад ва аз ин маъюс мегардад. Шукр, саломатияш каме беҳтар гардидааст. Рӯзе, ки барои иштирок дар озмун ба шаҳри Душанбе рафт, барояш дуо додам. Боварӣ дорам, ки ҳамаи ин дастовардҳо ба ӯ илҳому рӯҳбаландӣ мебахшанд ва албатта дар саломатияш таъсири мусбӣ хоҳад дошт» – мегӯяд бибӣ.

 КОМЁБИИ ҒАЙРИИНТИЗОР

         Назокат Қосимова, муовини раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ иброз дошт, ки бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор озмуну чорабиниҳо баргузор гардида истодаанд, ки озмуни “Мо бо шумоем” низ яке аз ин озмунҳо ба шумор меравад. Дар таърихи 29 апрели соли равон озмун дар сатҳи ноҳия баргузор гардид. Дар ин озмун зиёда аз 12 нафар довталабон ширкат варзиданд. Миёни онҳо Шукрона бо як ҳунари волои худододӣ ҷойи аввалро ишғол намуд. Мо ҳеҷ интизор набудем, ки Шукрона дар сатҳи ҷумҳурӣ соҳиби шоҳҷоиза мегардад ва албатта ин комёбии арзишманде мебошад барои бошандагони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва сокинони вилояти Хатлон.

Шукрона Зоҳирова, новобаста аз оне, ки хурдсол аст ва имконияти ҷисмонии маҳдуд дорад, хислат ва рафторҳояш намунаи ибрат ва шоистаи омӯзиш аст. Аз чашмонаш шӯълаи меҳру муҳаббат ва самимият ба зиндагӣ медурахшад. Аз дастгириҳои роҳбарияти давлат сипосгузор аст ва мақсадҳои наҷибонаеро барои оянда пеши худ гузоштааст.   Натиҷагирии озмуни мазкур баёнгари он аст, ки зиндагӣ худ мубориза аст. Барои муваффақ шудан бояд талош варзем, то дар набарди зиндагӣ комгор бошем. Сидқан ба сӯи муваффақият чун Шукрона бо умед кӯшиш кунем ва аз рӯзгор шукргузор бошем.

Ёдовар мешавем, ки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи босамару  ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа таҳти унвони «Мо бо шумоем!» озмуни ҷумҳуриявӣ  баргузор  намуд.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур,  пеш аз ҳама татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд, қишрҳои осепазири ҷомеа, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ташвиқу таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Июль 4, 2021 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ». Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарбозони аз қисмҳои ҳарбӣ баргаштаро пешвоз мегирад
Дар якчанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бар асари бориши шадид сел ба амал омад
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
«ВАТАН-ШУКУҲАТ ПОБАРҶО». Дар Тоҷикистон озмуни қироати шеър ва маҳорати суханварӣ бо забонҳои хориҷӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ баррасӣ гардид
Барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда занону духтарони болаёқат ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд
Дар се моҳи соли 2024 дар ноҳияи Балҷувон 87 нафар ба нафақа баромаданд
«Сомон Эйр» дар масири Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд парвозҳои мустақим анҷом медиҳад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз раъду барқ, жола ва шамолҳои бошиддат ҳушдор медиҳад
Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон соҳиби дастгоҳҳои муосир гардиданд
Интиқоли ғайриқонунии беш аз 4 тонна гӯшти мурғ пешгирӣ карда шуд