Барои тарғиб ва рекламаи ғайриқонунии маводи нашъадор ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст

Июль 7, 2021 08:42

ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарғиби маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё перекурсорҳои онҳо ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ намудааст. Новобаста аз ин дар ҷомеа афроде ёфт мешаванд, ки бо ҳар роҳу восита барои тарғибу ташвиқи маводи нашъадор ва ҷалби нашъамандон ба ин маводи марговар даст доранд. Ҳафтаи сипаришуда Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат  як зумра  санҷишҳои муштарак баргузор намуда,  тарғиб ва рекламаи ғайриқонунии маводи нашъадорро дар либосҳои мардона ошкор намуданд.

Дар ин бора  аз Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар бозорҳои «Корвон» ва «Ганҷина»-и шаҳри Душанбе 17 ҳолати фуруши либосҳои дорои аксҳои барги ниҳоли бангдонаро ошкор намуд. Дар натиҷа аз 17 нафар соҳибкорони инфиродие, ки ба фурӯши чунин либосҳо машғул буданд, 239 адад либоси сабуки варзишӣ ва 530 адад кулоҳи варзишӣ бо тартиб додани ҳуҷатҳои дахлдор мусодира карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки чунин як санҷиш дар бозори ноҳия Ёвон низ гузаронида шуда, аз 4 нафар соҳибкорони инфиродӣ  21 адад либосҳои варзишӣ бо акси ниҳоли бангдона, ки воситаҳои тарғиботию ташвиқотиро ташкил медоданд, ошкор ва мусодира карда шуд.

Ба ҳамин монанд, шаҳрвандон Зафар Ризоев ва Муҳаммадҷон Шарифзода то инҷониб ба хондани суруд дар жанри реп машғул буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Ютуб, Фейсбук, Раудер – Офитсиал ва Тик – Ток саҳифаи  алоҳида кушода, дар онҷо сурудҳои тарғиботии дорои характери ҷалбнамоӣ ба нашъамандию нашъаҷалобиро ҷой карда, бо паҳн намудани ин сурудҳо диққати ҷавононро бо худ ҷалб намудаанд.

Номбурдагон аз ҳисоби ашъори тарғиботии нашъамандӣ, чунончи клип бо сурудҳои «Каннабис ва Марихуана», ки муаллифи ин сурудҳо худашон мебошанд, маблағи муайян ба даст оварда, ба ин восита ба мафкураю андешаи шунаванда ва бинанда таъсири манфӣ мерасонидаанд.

Ҳамин тариқ нисбат ба  соҳибкорони инфиродӣ, ки ба фурӯши либосҳои дорои аксҳои тарғиботии маводи нашъадор машғул буданд ва сарояндагони репсаро аз тарафи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ бо моддаи 131 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  тарғиби маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳоро пешбинӣ намудааст, оғоз гардида, нисбат ба  онҳо аз тарафи мақомоти судии шаҳру ноҳияҳои дахлдор ба андозаи аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима татбиқ  карда шуд.

Бинобар ин, аз ҳамаи соҳибкорон ва ҳунармандон, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал меорем, ки барои ба даст овардани фоидаи муфт ба тарғиби маводи нашъадор, моддахҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, инчунин дигар маводи ғайриқонунӣ машғул нашаванд.

Дар тарбияи насли ояндасози ҷомеа, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва рафтору одатҳои номатлуб, ба роҳ мондани низоми корҳои тарбиявӣ бо аҳли ҷомеа ва таъмини тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонону наврасон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Аксҳо аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Июль 7, 2021 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид