БОЗ ЯК ТУҲФАИ ДИГАР БАРОИ ХОНАНДАГОН: шумораи навбатии маҷаллаи «Помир» нашр шуд

Июль 6, 2021 13:44

ДУШАНБЕ, 06.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи адабӣ — бадеӣ, ҷамъиятӣ — сиёсии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Помир» дар фазои фарҳангии кишвари мо мавқеи хоси худро касб кардааст ва дар байни хонандагон, ки шумораи онҳо кам нест, доимо талабгор дорад. Вай дар зоти худ намунаи ахлоқи баланд ва садоқат ба анъанаҳои Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Улуғзода ва дигарон мебошад.

Шумораи навбатии маҷалла, ки мисли шумораҳои гузашта, ғанӣ ва пурмазмун аст, бешубҳа, як навъ туҳфа барои хонандагони русзабон хоҳад шуд. Таваҷҷуҳи онҳоро бешубҳа маводи дар бахши “Портрети ҷашнӣ” -и ба Шоири халқӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшидашуда, ки 110-солагии он бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври васеъ дар саросари мамлакат  ва ҳатто берун аз марзи он — дар Маскав ва Теҳрон ҷашн гирифта шуд, ҷалб хоҳад кард. Дар бахши мазкур мақолаи сокини Симферопол Руслан Семяшкин оварда шудааст ва он нишон медиҳад, ки дӯстии халқҳо ва адабиёт идома дорад, маҷаллаи «Помир» -ро дар дигар давлатҳо  низ мехонанд ва эҳтиром мекунанд.

Дар рубрикаи “Назм” шеърҳои таъсирбахши собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳон, Аълочии матбуоти  тоҷик Олег Дмитриевич Соболев, ки Худо хоҳад, ба қарибӣ садсолагии худро ҷашн мегирад, чоп шудаанд. Боиси хушнудист, ки идора рубрикаи «Номҳои нав» -ро ворид кардааст. Дар ин бахш бори аввал ҳикояи дилнишини нависандаи ҷавони умедбахш Дилором Атабоева нашр шудааст. Ҳама медонанд, ки Гулназар, муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, шоири тавоно  буд, аммо шояд на ҳама медонанд, ки ӯ насрнависи хуб ҳам буд, ки дар ин хусус Мансур Суруш дар мақолааш бо номи “Сабақҳои мактаби Гулназар” навиштааст. Дар тарҷумаи ӯ як ҳикояҳои Гулназар бо номи “Бузи нозой” чоп шудааст, ки мутолиаи он хонандаро мутаассир ва гирён мекунад.

Шумораи навбатии маҷаллаи «Помир» хеле хонданбоб аст.

Июль 6, 2021 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид