COVID-19. Бо мақсади пешгирии ин беморӣ дар ВМКБ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд
ХОРУҒ, 02.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи эмкунӣ бар зидди бемории сироятии КОВИД-19 оғоз ёфта, табибон хона ба хона гашта, шахсони аз 60 — сола болоро сабти ном карда, онҳоро даъват намуданд, ки барои гирифтани ваксина ба бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатии маҳалли истиқоматашон муроҷиат намоянд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Файзи Мирасан иттилоъ медиҳад, ҳамзамон мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни санҷиши вазъи санитарӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ аз соҳибкорону тоҷирон ва харидорон даъват карданд, ки чораҳои беҳдоштиро қатъиян риоя кунанд. Зеро фориғболию бепарвоии сокинон нисбат ба ин бемории сироятӣ яке аз сабабҳои паҳншавии он мебошад.
Мутахассиси маркази мазкур Лайло Имомназарова гуфт, ки мутаассифона, фурӯшандагону харидорони бозори марказӣ бемории КОВИД- 19- ро ҷиддӣ нагирифта, аз чораҳои зиддиэпидемикӣ истифода намебаранд. Агарчи суръати паҳншавии мавҷи дуюм назар ба мавҷи аввал паст ба назар расад ҳам, аммо чунин бепарвоӣ метавонад, ки мизони мубталошавии мардумро дар як муддати кутоҳ боло барад.
-Аз ин рӯ Маркази давлатии назорати санитарию эпидемологии вилоят ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ҳамарӯза дар ҷойҳои пуриздиҳом, дар терминалҳои мусофирбарӣ, мағозаву марказҳои дилхушӣ, кошонаву хӯроки умумӣ корҳои тарғиботию таблиғотиро пурзӯр карда, мардумро ба риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват мекунанд, -афзуд номбурда.
Мутахассиси дигари ин марказ Анис Ёрмамадов низ аз бепарвоии мардум нисбат ба бемории КОВИД-19 изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, гунаи короновирус бо номи «Делта», ки дар кишвари Ҳиндустон ошкор шудааст, на танҳо бо суръати баланд паҳн мешавад, балки оқибатҳои хатарзо дар пай дорад.
-Ягона чораи раҳоӣ аз мубталошавӣ ба ин беморӣ ин риояи тавсияҳои табибон ва ҷиддӣ гирифтани маъракаи эмкунӣ мебошад, -таъкид кард Анис Ёрмамадов .








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






