COVID-19. Дар бораи ваксиназанӣ бар зидди сирояти нави коронавирус мо бояд чиро донем?

Июль 31, 2021 13:46

ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи гирифторшавӣ ба сирояти коронавирус дар тамоми ҷаҳон баланд боқӣ мемонад. Дар Тоҷикистон низ шумораи ҳолатҳои расман бақайдгирифтаи сирояти коронавируси нави COVID-19 меафзояд. Тавре АМИТ «Ховар» дирӯз бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, шабонарӯзи гузашта дар кишвар 75 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Ба гуфтаи коршиносони соҳаи тиб, ягона роҳи муҳофизати худ ва наздикон аз беморие, ки метавонад боиси марг ё бад шудани вазъи саломатӣ муддати тӯлонӣ гардад, ваксиназанӣ аст. Ваксина бар зидди коронавирус иқтидори эҷоди масунияти доимӣ ба COVID-19-ро дорад.

Ин барои мову шумо чӣ аҳамият дорад? Хабарнигорони АМИТ «Ховар» Холиса АСОМИДДИН ва Акрамхоҷа АКБАР ба ин ва дигар саволҳо аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва дигар сарчашмаҳои салоҳиятдор посух пайдо карданд.

22 марти соли равон дар Тоҷикистон ваксиназании марҳилавӣ бар зидди COVID-19 оғоз ёфт. Дар аввали моҳи июли соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 эълом дошт, ки ваксиназанӣ барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Имрӯз шаҳрвандони мамлакат метавонанд бо ваксинаҳои «AstraZeneca»-и истеҳсоли Ҳиндустон, «CoronaVac»-и чинӣ ва «Moderna»-и амрикоӣ ваксина зананд. Тибқи барномаи байналмилалии COVAX, гурӯҳи иловагии «AstraZeneca»-и британӣ рӯзҳои наздик ба кишвар ворид мешавад. Яъне ваксинаҳо ба қадри кофӣ мавҷуд мебошанд.

Зимнан, ҳамаи кормандони АМИТ «Ховар» вояи аввали ваксинаро гирифтанд – ҳардуи мо ваксинаи «Sinovac» ва баъзеҳо ваксинаи «AstraZeneca» гирифтем. Ба ҳолати 30 июл дар муассисаҳои тиббии кишвар 660 742 нафар бар зидди COVID-19 вояи аввали ваксина ва 49 229 нафар вояи дуюми онро  гирифтаанд.

Ваксиназанӣ бар зидди бисёр сироятҳо ва ахиран бар зидди коронавируси COVID-19 ба роҳ монда мешавад. Ваксина ягона роҳи боэътимоди пешгирии сироят ё ҷараёни мураккаби беморӣ мебошад, зеро мавҷудияти подтанҳо на ҳама вақт маънои мавҷудияти масуниятро аз COVID-19 дорад.


Механизми амали ваксинаҳо чӣ гуна аст?

Он бар ду хусусияти системаи масунияти инсон асос ёфтааст. Аввал ин қобилияти тавлиди подтан ҳангоми ба организм ворид шудани ягон намуди патоген (масалан, вирус) мебошад. Дуввум, қобилияти масуният барои «дар хотир нигоҳ доштан»-и душман аст, яъне вақте ки як вирус дубора ба бадан ворид мешавад, масуният онро зудтар ва муассиртар безарар мегардонад.

Ҳама ваксинаҳо, аз ҷумла ваксинаҳое, ки то имрӯз ба Тоҷикистон оварда шудаанд, масуниятро омода мекунанд, ки ҳангоми дучор шудан бо патогене, ки бар зидди он ин ваксинаҳо сохта шудаанд, зуд вокуниш диҳад.

Вақте ки масуният бори аввал бо ваксина шинос мешавад, он кори ду намуди ҳуҷайраҳои масуният — В ва Т-ро ба вуҷуд меорад. Ҳуҷайраҳои В фаъолона подтан тавлид мекунанд, аммо бидуни вояи дуввуми ваксина, миқдори ин иммуноглобулинҳо пас аз чанд ҳафта якбора кам мешавад. Т-лимфоситҳо силоҳи асосии системаи масуният мебошанд. Маҳз ҳамин ҳуҷайраҳо хатарро пайдо ва патогенро нест мекунанд. Мушкилоти асосии ҳуҷайраҳои Т дар он аст, ки пас аз марҳилаи аввали ваксиназанӣ системаи масуният шумораи бисёр ками ҳуҷайраҳои Т-ро ба вуҷуд меорад ва ҷисм дар муқобили вирус нотайёр мемонад.

Вояи дуввуми ваксина қисми дуюми вокуниши масуниятро ба вуҷуд меорад, ки дар натиҷаи он ҷисм бештар ҳуҷайраҳои Т-ро тавлид мекунад ва хотираи дарозмуддати масуниятро ташаккул медиҳад. Ин раванд инчунин ҳуҷайраҳои В-ро «омода мекунад», то ба воридшавии вирус зудтар вокуниш нишон диҳанд, тақсим шаванд ва подтанҳои муассиртар тавлид намоянд.

Натиҷаҳои тадқиқоти калони тиббии ҳама ваксинаҳои мавҷудаи COVID-19 нишон медиҳанд, ки вояи дуввум дараҷаи муҳофизатро чанд маротиба зиёд мекунад. Олимони исроилӣ ба хулосае омаданд, ки сатҳи подтанҳо дар нафароне, ки ҳарду вояи ваксинаро бар зидди коронавирус гирифтаанд, нисбат ба онҳое, ки як воя кардаанд, 6-12 маротиба зиёдтар аст. Тавре мебинем, марҳилаи дуюми ваксиназанӣ барои муҳофизати боэътимод аҳамияти калон дорад.

Оё дар сурати аллакай COVID-19 гузарондан ваксина гирифтан ҳатмӣ аст?

Онҳое, ки аллакай сирояти коронавирусро гузаронданд, метавонанд ваксина гиранд. Аммо, олимон то ҳол дар бораи он ки чӣ қадар масуният пас аз COVID-19 боқӣ мемонад, маълумоти нокифоя доранд.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки консентратсияи подтанҳои муҳофизатӣ дар хун бо мурури замон кам мешаванд. Ин камаш 6-8 моҳро дар бар мегирад. Ба он ишора мешавад, ки ваксина гирифтан пас аз шифо ёфтан аз беморӣ эҳтимолан маъно надорад. Коршиносон тавсия медиҳанд, ки 6 моҳ пас аз шифоёбӣ ваксина гирифта шавад.

Чӣ мешавад агар танҳо як воя ваксина гирифта шавад?

То имрӯз, тадқиқоти васеъ вуҷуд надорад, ки рақамҳои дақиқро дар бораи самаранокии як вояи ваксина бар зидди COVID-19 пешниҳод кунад. Ҳанӯз маълум нест, ки масуният аз як вояи ваксина чӣ қадар тӯлонӣ хоҳад буд. Ҳамчунин бояд дар ёд дошт, ки барои таъсир кардани ҳар як ваксина вақт лозим аст.

Тибқи тадқиқоте оид ба «Pfizer», дар 52 дарсади ҳолатҳо системаи муҳофизат пас аз гирифтани вояи аввал дар тӯли ду ҳафта ташаккул ёфтааст. Ин маълумот барои арзёбии воқеии масуният пас аз як ваксина нокифоя аст. Инчунин то ҳол маълум нест, ки ин муҳофизат чанд муддат самаранок боқӣ мемонад.

Кӣ бояд ваксина нагирад?

Дар ҳама гуна ваксиназанӣ бояд хатарҳо ва фоидаҳои эҳтимолӣ ба инобат гирифта шаванд. Ваксина бар зидди COVID-19 бо эҳтиёт дар бемориҳои музмини ҷигар, гурда, системаи дилу рагҳо, ихтилоли эндокринӣ, эпилепсия ва бемориҳои системаи марказии асаб истифода мешавад. Дар сурати мавҷуд будани ягон бемории музмин ваксина инфиродӣ пас аз машварат бо пизишк гирифта мешавад.

Чанде пеш бемориҳои аутоиммунӣ ва онкологӣ ба рӯйхати иҷозанабудаҳо илова карда шуданд. Таъсири ваксина ба ҷараёни саратон дар айни замон пурра омӯхта нашудааст. Хавфҳо бо он алоқаманданд, ки системаи масунияти беморони саратон заиф ва номутавозун аст, воридшавии ваксина дар назария метавонад равандҳои номатлубро ба вуҷуд орад. Агар бемор дар ҳолати ремиссияи доимӣ қарор дошта бошад, ӯ метавонанд ваксиназаниро бо саратоншинос муҳокима кунад.

Ваксиназанӣ барои шахсони то синни 18 сола, занони ҳомиладор ва дорои кӯдакони ширмак, нафароне, ки бетаҳаммулии инфиродӣ ба ҷузъҳои ваксина, авҷгирии бемориҳои музмин ва бемориҳои шадиди сироятӣ доранд, мутлақо иҷоза дода намешавад.

Марҳилаҳои ҳатмии омодагӣ ба ваксина ченкунии ҳарорат ва муоинаи умумии духтур мебошад. Агар шахс дар давоми 14 рӯзи охир бо бемори гирифитори  коронавирус иртибот дошта бошад, ё агар бемор дорои нишонаҳои COVID-19 ё сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ (сулфа, таб, хастагии шадид) бошад, он гоҳ бояд пеш аз ваксина гирифтан санҷиши реаксияи занҷираи полимеразӣ (ПТР) барои коронавирус супорад.

Кадом ваксина беҳтар аст?

Дар ҷаҳон тақрибан 200 намуди ваксинаҳои гуногун бар зидди COVID-19 таҳия карда мешаванд. Кадом ваксина беҳтар аст? Албатта, ба ин савол танҳо муассисаҳои тиббии салоҳиятдор посух дода метавонанд.

Аксари харидҳо дар ҷаҳон ба ваксинае, ки аз ҷониби ширкати британии «AstraZeneca» таҳия шудааст, рост меоянд. Ин далел аз раддабандии «Bloomberg», ки бар асоси маълумоти ширкати тадқиқотии «Airfinity Ltd» ва Донишгоҳи Оксфорд дар охири моҳи ноябри соли 2020 омада гардидааст, бар меояд.

Ёдовар мешавем, ки «Bloomberg» (Блумберг) на танҳо агентии маъруф дар ҷаҳон, балки низоми касбие низ мебошад, ки иттилоот, қурби бозори пулию молӣ ва дигар маълумоти барои қабули қарорҳо, инчунин маҷмӯи васеи воситаҳои тадқиқот ва таҳлилро ба маблағгузорон пешниҳод мекунад.

Тадқиқоте, ки коршиносони Хадамоти тандурустии ҷамъиятии Англия моҳи майи соли 2021 гузаронидаанд, нишон медиҳанд, ки ваксинаҳои амрикоии «Pfizer / BioNTech» ва британии «AstraZeneca» бар зидди штамми ҳиндустонии COVID-19 ба таври кофӣ муассиранд. Натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, ки самаранокии «Pfizer» бар зидди штамми ҳиндустонии коронавирус ду ҳафта пас аз ворид кардани ду воя ба 88 дарсад ва «AstraZeneca» ба 60 дарсад мерасад.

Ваксинаи ширкати амрикоӣ «Moderna» моҳи майи соли 2021 беҳтарин ваксина бар зидди коронавирус дар ҷаҳон эътироф шуда буд. Коршиносони Конгресси ҷаҳонии ваксина ба он овоз дода буданд. Бино ба иттилои сомонаи Конгресс, дар форуме, ки пеш аз паҳншавии коронавирус ҳамасола дар пойтахти Амрико баргузор мешуд, ваксинаи ширкати амрикоӣ «Moderna» дар бахши «Ваксинаи беҳтарин бар зидди COVID-19» ғолиб омад.

Ваксинаи «Pfizer» «баҳои баландро гирифт», «Спутник V»-и Русия ва «AstraZeneca»-и ширкати британӣ-шведӣ ба рӯйхати мухтасари ин бахш ворид шуданд.

1 июни соли 2021 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ваксинаи ширкати чинии «Sinovac Biotech»-ро барои истифодаи фавқулодда барои шахсони аз 18 сола боло тавсия дод. «Sinovac» дуввумин ваксинаи чиниест, ки истифодаи он аз ҷониби СҶТ тасдиқ гардид. Аввали моҳи май Созмон ваксинаи ширкати чинии «Sinopharm»-ро тасдиқ карда буд.

Дар маҷмӯъ (бо дарназардошти «Sinovac»), СҶТ ҳафт ваксинаро тасдиқ кард. Ба ин рӯйхат, ба ҷуз аз ваксинаи чинӣ, ҳамчунин ваксинаҳои «Pfizer/BioNTech», «Johnson & Johnson», ду намуди «AstraZeneca» ва «Moderna» шомил мебошанд.

Ваксинаи русии «Спутник V» то ҳол мавриди баррасии коршиносони СҶТ қарор дорад.

Чӣ гуна бояд ба ваксина дуруст омода шуд?

Агар тавсияҳои табибон риоя нагарданд, он гоҳ аз ваксина ягон натиҷа ба даст нохоҳад омад. Масалан, дар сурати ваксина гирифтан истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ тавсия дода намешавад, зеро онҳо метавонанд ба кори худи ваксина халал расонанд. Ваксина ду маротиба гузаронида мешавад. Маротибаи дуюм баъд аз 21 рӯзи вояи аввал гирифта мешавад. Масуният пас аз се ҳафта ташаккул меёбад. Бинобар ин, пас аз ваксинаи аввал бояд се ҳафта ё 21 рӯз гузарад ва пас аз маротибаи дуюм низ ҳамон миқдор. Яъне, ҳамагӣ 42 рӯз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ тавсия дода намешавад.

Ҳангоми рафтан ба ваксиназанӣ ягон қоидаи махсус вуҷуд надорад.

Аммо агар шахс ҳадди аққал ягон нороҳатиро эҳсос кунад, дар хона бояд монад. Агар худро бад ҳис мекунад ва таб дошта бошад, бояд аввал шифо ёбад. Ин талаботи стандартӣ барои ҳар як ваксина аст. Ҳар як ваксина иммуномодулятор аст. Вақте дар бадан ҷараёни сирояткунанда ба амал меояд, вайрон кардани он бо ваксина барои антигени дигар зарурат нест.

Ҳангоми авҷ гирифтани бемории музмин низ ваксина кардан мумкин нест. Шахс бояд пас аз гузаштани шиддат 2-4 ҳафта интизор шавад. Иммуномодуляторҳо дорои хусусияти барангехтани манбаъҳои пинҳонии илтиҳоб мебошанд. Ваксина бар зидди коронавирус барои занони ҳомиладор тавсия дода намешавад. Бояд дар ёд дошт, ки дар марказҳои табобатӣ санҷиш барои муайян кардани ҳомиладорӣ гузаронида намешавад.

Агар шахсе сирояти шадиди вирусии респираториро дар шакли сабук гузааронд, кофӣ аст, ки се рӯз интизор шавад ва сипас ваксинаи зидди COVID-19 гирад.

Вакзиназанӣ чӣ оризаҳо дорад?

Ҳам баъд аз ваксинаи аввал ва ҳам баъд аз дуюм, одамон метавонанд худро каме нороҳат ҳис кунанд. Оризаҳои маъмултарин аксуламалҳои маҳаллӣ ва нишонаҳои ба зуком монанд мебошанд:

— дард, сурхӣ ва варами хурд дар ҷойи сӯзандору;

— баландшавии ҳарорат;

— дарди сар, дарди буғумҳо ва мушакҳо;

— хастагии шадид.

Илова бар ин, ихтилоли ҳозима имконпазир аст, ки мисли нишонаҳои дар боло зикршуда дар давоми 2-3 рӯз аз байн меравад.

Эҳтимоли аксуламалҳои аллергия низ истисно нест. Дарҳол пас аз ваксина гирифтан аз одамон хоҳиш карда мешавад, ки давоми ним соат дар назди ҳуҷраи ваксиназанӣ бимонанд, то дар сурати пайдо шудани аксуламали шадиди аллергия ба онҳо дар вақташ кумак расонанд.

Оё баъди ваксиназанӣ ба коронавирус гирифтор шудан ҷой дорад?

Мутаассифона, ҳеҷ як ваксина наметавонад бар зидди сироят 100 дарсад кафолат диҳад, гарчанде он хатарҳоро ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Ваксиназании дуруст (бо риояи фосилаи зарурии байни вояҳо) метавонад системаи масуниятро ба вокуниши лозима ба вирус омода намояд. Аз ин рӯ, ҳатто агар шахс сироят ёбад ҳам, беморӣ дар шакли сабук ва эҳтимолан бе нишона мегузарад.

Аммо, набояд фаромӯш кард, ки беморони бе нишона метавонанд интиқолдиҳандагони сироят бошанд. Аз ин рӯ, барои муҳофизат кардани одамони ваксина нагирифтаи атрофи худ, бояд риояи масофаи иҷтимоӣ идома дода шавад ва ҳатто пас аз ваксиназанӣ ниқоб пӯшида шавад.

 

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2021 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд