Дар Конибодом корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории COVID-19 тақвият меёбанд

Июль 5, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 05.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом аъзои ситоди шаҳрӣ,  масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази тарзи ҳаёти солим, инчунин  волонтёрон  бо мақсади пешгирӣ аз  интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID–19 дар ҷойҳои серодам- нуқтаҳои савдою  хизматрасонӣ, бозор ва кӯчаву маҳаллаҳо  бо сокинони шаҳр  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гурӯҳи корӣ дар ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳӣ   ба сокинони шаҳри Конибодом зарурати  риояи қойидаҳои беҳдошт,   истифодаи  ниқобҳои тиббӣ, дар ҷойҳои серодам нигоҳ доштани  фосилаи иҷтимоӣ ва наоростани маъракаҳои серодамро  шарҳ дода,  барои  эмин мондани онҳо ва наздиконашон аз бемории COVID–19 тавсияҳои зарурӣ доданд.

Инчунин баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID–19) ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ  тақсим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки 21 июни соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.

Омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.

3 июли соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат муроҷиат карда, онҳоро ба иҷрои ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоӣ, инчунин ба истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват намуд.

-Ҳамчунин дар ин шабу рӯзҳо вобаста хатари зиёди паҳншавию интиқоли бемории сироятии коронавирус аз шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳама гуна чорабинию ҷамъомадҳои оммавӣ, тую хурсандиҳо ва маъракаҳои гуногунро бо иштироки шумораи ками одамон гузаронанд, -омадааст дар муроҷиатномаи мазкур.

Июль 5, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст