Дар минтақаи Кӯлоб санҷиши бехатарии озуқаворӣ гузаронида шуд

Июль 3, 2021 09:32

КӮЛОБ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи  Кӯлоб бо мақсади  ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон,  бехатар ва хушсифат ба фурӯш баровардани маҳсулоти хӯрока ва сабзавоту полезӣ аз ҷониби Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб корҳои иттилоотӣ, ташхисӣ ва санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ оғоз гардид.

Тавре сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ  дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб  Фаттоҳ Саидов изҳор дошт,   рӯзҳои охир дар  минтақаи Кӯлоб   ҳаво аз 40 то ба 45 дараҷа мерасад,  ки гармии зиёд хатари  расонидани таъсири манфӣ ба маҳсулоти озуқавории зудвайроншавандаро, ки дар бозорҳо ва мағозаҳо ба фӯруш бароварда мешавад,  ба миён меорад. Аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки  корҳои иттилоотиро  байни фурӯшандагон  ва харидорон ба роҳ монем, зеро   маҳсулоти пастсифат метавонад сабабгори ба бемориҳои гуногун гирифтор гаштани сокинон гардад.

— Айни ҳол аз ҷониби кормандони мо  бозори марказӣ ва якчанд мағозаҳо аз санҷиш гузаронида шуда, ҳангоми гузаронидани санҷишҳои лабораторӣ 615,7 кг  маҳсулоти гӯштӣ, 6 кг маҳсулоти ширӣ, 5,8 кг  равғани растанӣ, 13,09 кг тухм, 0,4 кг асал, 267,7 маҳсулоти шӯрӣ ва дигар маҳсулотҳо, ки ба талаботи истеъмолӣ ҷавобгӯ набуданд,  аз муомилот гирифта шуда, несту нобуд карда шуданд,-афзуд номбурда.

Гуфта шуд, ки барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмоли  бехатарии озуқавории шаҳрвандон аз ҷониби  марказ  моҳе як маротиба дар 11 шаҳру навои минтақаи Кӯлоб  корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташхис ва санҷиш гузаронида мешавад.

Июль 3, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад