Дар ноҳияи Роштқалъа бинои маъмурии Нерӯгоҳи барқии обии «Себзор» ба истифода дода шуд

Июль 5, 2021 14:11

ДУШАНБЕ, 05.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти ба номи  Мирсаид Миршакари  ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бинои маъмурии Нерӯгоҳи барқии обии «Себзор» ба истифода дода шуд.

 Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,  дар маросими ба истифода додани бинои мазкур Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Далер Ҷумъа, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, Раиси ноҳияи Роштқалъа  Лоиқ Назаршозода ва дигар  намояндагони сохторҳои марбута  иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 29 июли соли 2015 дар деҳаи Барҷангали ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии НБО «Себзор» оғоз бахшиданд.

Хотиррасон менамоем, ки бо мақсади рушди устувори деҳот, энергияи сабз ва  паст намудани сатҳи камбизоатии сокинони ноҳияи дурдасти Тоҷикистон, дар дарёи Шоҳдара дар ноҳияи Роштқалъа дар масофаи 15 километр дар қисми шарқии шаҳри Хоруғ Неругоҳи барқии обии  «Себзор» бунёд мешавад.

Баъди ба кор даровардани неругоҳи мазкур  то 60 нафар кадрҳои соҳибихтисоси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд. Дар доираи амалишавии он тахминан 220 ҳазор нафар аҳолӣ бо неруи барқ таъмин хоҳанд шуд. Ҳамзамон шароит ба миён меояд, ки неруи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир карда шавад. Барои сохтмони неругоҳ беш аз 180 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Бо сохтмони НБО «Себзор» бунёди хати баландшиддати интиқоли барқи 110 киловолтаи «Себзор — Хоруғ» бо дарозии тақрибан 18 километр дар назар дошта шудааст, ки ин минбаъд боиси баланд шудани эътимоднокӣ ва беҳтар шудани сифати барқ дар шабакаи марказӣ хоҳад гашт.

Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ

Июль 5, 2021 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд