Дар Шаҳритус посгоҳи марзии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба истифода дода шуд

Июль 31, 2021 11:29

ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл дар доираи ҳамкории  ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон посгоҳи марзии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ба истифода дода шуд.  

Дар маросими баистифодадиҳии  посгоҳи марзӣ муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Раҷаб Саодатзода ва кордори Сафорати ИМА Ҷон Гинкел ширкат варзиданд.

Ин посгоҳи марзӣ, ки бо маблағи 570,000 доллари ИМА таъмиру бозсозӣ шудааст, барои Қӯшунҳои сарҳадӣ имконоти иловагӣ ҷиҳати назорат ва посбонии марз бо Афғонистонро дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон фароҳам меорад.

Иншооти мазкур иқтидори Қӯшунҳои сарҳадиро барои пайгирӣ ва пешгирии вайронкунии марзҳо (тақрибан 15-20 километр) ва муқовимат бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, қочоқ ва ифротгароии зӯроварӣ, ба таври назаррас баланд мебардорад.

Бояд тазаккур дод, ки ИМА ҷонибдори шарикӣ бо Тоҷикистон барои дастгирии соҳибихтиёрӣ, амният ва нақши он дар ҳифзи сулҳ ва шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон мебошад. Аз соли 2007 инҷониб Барномаи мубориза бар зидди маводи мухаддири Дафтари Ҳамкориҳои Ҳарбӣ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 155 миллион доллар, аз ҷумла барои таҷдид ё сохтмони якчанд посгоҳҳои марзӣ, кумак расонидааст.

Иёлоти Муттаҳида дар тӯли 30 соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон тавассути барномаҳое, ки бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, ба маблағи беш аз 1,8 миллиард доллар кумак кардааст.

 

АКС:  Сафорати ИМА дар Тоҷикистон

Июль 31, 2021 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид