Дар Шаҳритус посгоҳи марзии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл дар доираи ҳамкории ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон посгоҳи марзии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ба истифода дода шуд.
Дар маросими баистифодадиҳии посгоҳи марзӣ муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Раҷаб Саодатзода ва кордори Сафорати ИМА Ҷон Гинкел ширкат варзиданд.
Ин посгоҳи марзӣ, ки бо маблағи 570,000 доллари ИМА таъмиру бозсозӣ шудааст, барои Қӯшунҳои сарҳадӣ имконоти иловагӣ ҷиҳати назорат ва посбонии марз бо Афғонистонро дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон фароҳам меорад.
Иншооти мазкур иқтидори Қӯшунҳои сарҳадиро барои пайгирӣ ва пешгирии вайронкунии марзҳо (тақрибан 15-20 километр) ва муқовимат бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, қочоқ ва ифротгароии зӯроварӣ, ба таври назаррас баланд мебардорад.
Бояд тазаккур дод, ки ИМА ҷонибдори шарикӣ бо Тоҷикистон барои дастгирии соҳибихтиёрӣ, амният ва нақши он дар ҳифзи сулҳ ва шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон мебошад. Аз соли 2007 инҷониб Барномаи мубориза бар зидди маводи мухаддири Дафтари Ҳамкориҳои Ҳарбӣ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 155 миллион доллар, аз ҷумла барои таҷдид ё сохтмони якчанд посгоҳҳои марзӣ, кумак расонидааст.
Иёлоти Муттаҳида дар тӯли 30 соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон тавассути барномаҳое, ки бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, ба маблағи беш аз 1,8 миллиард доллар кумак кардааст.
АКС: Сафорати ИМА дар Тоҷикистон








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






