Дар шаҳру ноҳияҳҳои Тоҷикистон эмгузаронӣ бо истифода аз ваксинаи «Мoderna»-и ИМА оғоз шуд

Июль 27, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 июл, вояҳои ваксинаи «Мoderna» ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳри Ваҳдат дастрас шуда, маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории сироятии коронавируси нави  COVID-19 миёни шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо истифода аз ваксинаи мазкур оғоз ёфт.

Бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 дар чорчӯбаи фаъолияти механизми байналмилалии  COVAX (барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19)   26 июл ба Тоҷикистон 1,5 млн воя ваксинаи «Модерна»-и истеҳсоли ширкати “Модерна Инк”-и ИМА  ҳамчун кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико   ворид карда шуд. Бо ин миқдор ваксина 750 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ваксина карда мешаванд.

Тавре сухангӯи Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Мирзоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  вазорат  ба нақша гирифтааст, ки дар асоси имконияти мавҷуда 62,4 фоиз ва ё 5,8 млн аҳолии аз 18 — сола болои кишварро бо ваксинатсия фаро гирад.

Э. Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

«Зеро илми муосир исбот намудааст, ки маҳз бо роҳи ваксинакунонӣ раванди эпидемиологии сирояти нави коронавирусро ҷилавгирӣ кардан мумкин аст. Ин роҳи боэътимод ва ягонаи осон дар пешгирии паҳншавии сироят миёни аҳолӣ мебошад», — зикр намуд ӯ.

Эмомали Мирзоев ҳамчунин илова кард, ки  имрўзҳо дар тамоми ҷумҳурӣ маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 идома дошта,  шаҳрвандон метавонанд ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисташон муроҷиат намуда, ваксина гиранд.

«Аз тамоми сокинони мамлакат даъват  ба амал оварда мешавад, ки дар маъракаи ваксинатсия иштироки фаъол дошта бошанд. Гирифтани ваксина имрўз роҳи асосии пешгирии бемории коронавирус дар тамоми ҷаҳон интихоб шудааст. Мутахассисони соҳаи тиб низ яке аз роҳҳои мубтало нашудан ба бемории COVID-19-ро дар гирифтани ваксина маънидод мекунанд», — гуфт сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.

Июль 27, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон