Дар шаҳру ноҳияҳҳои Тоҷикистон эмгузаронӣ бо истифода аз ваксинаи «Мoderna»-и ИМА оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 июл, вояҳои ваксинаи «Мoderna» ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳри Ваҳдат дастрас шуда, маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 миёни шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо истифода аз ваксинаи мазкур оғоз ёфт.
Бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 дар чорчӯбаи фаъолияти механизми байналмилалии COVAX (барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19) 26 июл ба Тоҷикистон 1,5 млн воя ваксинаи «Модерна»-и истеҳсоли ширкати “Модерна Инк”-и ИМА ҳамчун кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ворид карда шуд. Бо ин миқдор ваксина 750 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ваксина карда мешаванд.
Тавре сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Мирзоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, вазорат ба нақша гирифтааст, ки дар асоси имконияти мавҷуда 62,4 фоиз ва ё 5,8 млн аҳолии аз 18 — сола болои кишварро бо ваксинатсия фаро гирад.
«Зеро илми муосир исбот намудааст, ки маҳз бо роҳи ваксинакунонӣ раванди эпидемиологии сирояти нави коронавирусро ҷилавгирӣ кардан мумкин аст. Ин роҳи боэътимод ва ягонаи осон дар пешгирии паҳншавии сироят миёни аҳолӣ мебошад», — зикр намуд ӯ.
Эмомали Мирзоев ҳамчунин илова кард, ки имрўзҳо дар тамоми ҷумҳурӣ маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 идома дошта, шаҳрвандон метавонанд ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисташон муроҷиат намуда, ваксина гиранд.
«Аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки дар маъракаи ваксинатсия иштироки фаъол дошта бошанд. Гирифтани ваксина имрўз роҳи асосии пешгирии бемории коронавирус дар тамоми ҷаҳон интихоб шудааст. Мутахассисони соҳаи тиб низ яке аз роҳҳои мубтало нашудан ба бемории COVID-19-ро дар гирифтани ваксина маънидод мекунанд», — гуфт сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ.









35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






