Дар Суғд амалиёти «Ҳавои тоза» роҳандозӣ гардид

Июль 15, 2021 13:27

ДУШАНБЕ, 15.07.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Кормандони Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат  амалиёти «Ҳавои тоза»-ро роҳандозӣ намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи амалӣ намудани амалиёти мазкур баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон аст.

Аз ҷумла, дар ҳудуди шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров  амалиёти  муштараки «Ҳавои тоза» бо иштироки кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёхӣ дар вилояти Суғд ва масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардида, гурӯҳи кории сафарбаргардида давоми як соат 48 воситаи нақлиётро тавассути таҷҳизоти газченкунӣ аз ташхис гузарониданд. Дар натиҷа нисбат ба  8 ронандае, ки воситаи нақлиёташон ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ набуда, дар таркиби дуди ихроҷшавандаи мошини онҳо  моддаҳои ифлоскунанда аз меъёр зиёд буд,  бо моддаи 230 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.

Тавре масъулин иброз медоранд ҳар як ронандаи нақлиёт пеш аз он ки пушти чамбараки мошин  менишинад,  бояд ба ихроҷи дуднокӣ ва тозагии нақлиёт аҳамият диҳад.

Маҳз натиҷаи баргузории амалиёти «Ҳавои тоза» ва ҳамингуна чорабиниҳост, ки беш аз пеш шумораи воситаҳои нақлиёте, ки ба ҳаво аз меъёр зиёд дуд ё газҳои зарарнок ихроҷ мекунанд,  кам шуда истодааст.

Ронандаҳои воситаҳои нақлиётро зарур аст воситаи нақлиёти худро мунтазам аз ташхиси техникӣ гузаронида,  таъмир ва аз истифодаи сӯзишвориҳои пастсифат худдорӣ намоянд.То ин ки ба муҳити зист ва саломатии сокинон зарар нарасонанд.
Мутобиқи иттилои масъулини милитсияи экологӣ ва сайёҳии вилояти Суғд,  моҳе аз як то ду маротиба дар қаламрави вилоят амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуда, нисбат ба  ронандаҳое, ки ба ҳолати техникии воситаи нақлиёти худ беэътиборӣ зоҳир мекунанд ва ҳавои муҳитро заҳролуд менамоянд,  чораҷӯӣ карда мешавад.

Кормандони минтақавии ниҳодҳои мазкур  зимни амалиёти зикршуда ҳамчунин  ба аҳолӣ шарҳ  доданд, ки ҳавои тоза ба саломати манфиати  зиёд дошта, яке аз шартҳои асосии  дарозумрии инсон  эътироф шудаааст ва
тоза нигоҳ доштани ҳаво ва  муҳити зист  вазифаи муҳими ҳар як фарди ҷомеа   мебошад.

Июль 15, 2021 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд