Дар Тоҷикистон қочоқи маводи доруворӣ пешгирӣ гардид

Июль 1, 2021 09:14

ДУШАНБЕ, 01.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе шаҳрванд Бахтовар Ёқубов, ки қаблан барои қочоқ суд шудааст, барои содир кардани ҷинояти навбатӣ боздошт гардидааст. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Боздоштшуда маводи дорувориро бо мақсади фурӯши ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон овардааст. Гумонбаршуда дидаву дониста тавассути  автомашинаи Toyota Fielder 34 номгӯи маводи дорувориро интиқол додааст.

Мутобиқи маълумоти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми доруҳо шаҳодатномаи яквақта ва аз ширкатҳои истеҳсолкунанда асноди тасдиқкунанда надоранд.

Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши доруҳо 162799 сомониро ташкил медиҳад.

Тамоми доруҳо бидуни назорати гумрукӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид карда шуданд.

Дар иртибот ба ин ҳодиса нисбат ба  гумонбаршуда бо моддаи 289, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон («Қочоқ») парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда буд. Пас аз хатми тафтишоти пешакӣ, парванда барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Акс аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

Июль 1, 2021 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид