Дар Вашингтон машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 02.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 июли дар Вашингтон дар арафаи 30-солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка даври ҳаштуми машваратҳои сиёсӣ байни ду кишвар таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва иҷрокунандаи вазифаи Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Дин Томпсон баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар машваратҳои сиёсӣ ҳамкории дуҷониба дар чор буъд — сиёсӣ, иқтисодию муҳити зистӣ, амниятӣ ва инсонӣ муҳокима гардид.
Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, илмию фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.
Инчунин табодули афкори судманд дар мавзӯи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир, ҳуқуқи инсон ва тақвияти муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ сурат гирифт.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






