«Эҳтимоли аз хушксолӣ осеб дидани 130 кишвар. Ва оё метавонем аз абр борон бирезонем?»- шарҳи матбуоти даврӣ

Июль 8, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 08.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон дар матбуоти даврии  Тоҷикистон он рӯйдодҳои муҳиме, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба вуқӯъ омадаанд, бозтоб гардидаанд.

«Ҷумҳурият» — нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар саҳифаи аввали шумораи рӯзи чоршанбе,  7 июли соли 2021  мақолаи нахустин  директори Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чанак Қодир Саидовро  таҳти унвони «Вақт мегузарад, аммо…» ва маводи  хабарнигори «Ҷумҳурият» Кароматулло АТО  «Данғара. Ифтитоҳи роҳи мошингард дар деҳоти Сангтӯда»-ро ба нашр расонидааст.

Муаллифи мақолаи «Вақт мегузарад, аммо…», аз ҷумла нигоштааст, ки  «Соли 2006 директори Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи  автомобилгарди Душанбе — Чанак таъйин гардидам. Бунёд ва таҷдиди ин роҳ, ки орзуи садсолаи мардум маҳсуб мешуд, ҳеҷ осон набуд. Сабабҳои зиёд дошт ва мушкилот низ. Аммо ба бовари Сарвари давлат бояд сазовор мешудам.Ин шоҳроҳ ҳамасола шаш моҳ бар асари барфу борон баста мешуд. Фаъолияти роҳсозӣ, бегумон, дар ин муддат ҳатто номумкин буд. Аз ин рӯ, қариб аксари мардум, хосса сокинони минтақаи шимоли кишвар, бовар надоштанд, ки ба бунёду таҷдидаш муваффақ гардидан, албатта, дар муҳлати муқарраргардида, мумкин аст. Аммо ин кор ҳатман бояд анҷом мепазируфт».

-Ҳолиё ин роҳ бо ҳамаи иншоотҳояш мавриди исифода қарор дорад. Ҳар гоҳ, ки аз ин шоҳроҳ мегузарам, он даврони ҷӯшу хурӯши кор, фаъолияти неку пурсамар пеши назар меояд ва ба Пешвои миллат аҳсан мегӯяму изҳори сипос менамоям. Инчунин, мебинаму мешунавам, ки дигар ҳамсафарон, ронандагон бо қаноатмандӣ аз Сарвари давлат бо изҳори сипос ифтихор мекунанд, -ёдоварӣ намудааст нахустин  директори Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чанак Қодир Саидов дар идомаи матлаб.  Номбурда дар фарҷоми матлабаш  чунин ибрози андеша намудааст: «Вақт, воқеан, зуд мегузарад, аммо иҷрои корҳои неки ҳеҷ касро намегузорад, ки фаромӯш бикунанд. Албатта, дар баробари ин дар китоби таърих бо ҳарфҳои заррин навишта мешаванд. Оре, хидматҳои бузургу бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як умр дар ёдҳо мемонанду дар китобҳо навишта мешаванд. Ҳеҷ кас намехоҳад, ки онҳоро нодида бигираду бизудояд».

Дар саҳифаҳои дигари  рӯзномаи «Ҷумҳурият»  таҳти унвони «Мурод ҳали мушкилот аст, на гирифтани эрод», «Сангвор ноҳияи зархез дар домани кӯҳсор», «Ҷайҳун. Чаро ваъдаи мактабсозӣ ҷомаи амал напӯшид?!», «Ҳувияти миллӣ. Истиқболи Шириншоҳ Шоҳтемур аз «Намунаи адабиёти тоҷик», «Сирояти дубора бо коронавирус. Эҳтимоли сироятёбӣ чӣ гуна аст?»  рӯи чоп омадаанд, ки  хонандагонро  аз рӯйдодҳои навини мамлакат ва ҷаҳон  огоҳ  менамоянд.

«Садои мардум»  -нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи рӯзи  сешанбе, 6 июли  соли 2021 дар саҳифаи якум хабару гузоришро доир ба  Фармонҳои Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳои ва мабалағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Раёсати  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  субҳати телефонии Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғаниро  нашр   намудааст. Ҳамзамон хонандагони «Садои мардум» имкон доранд аз нашрияи парлумонӣ мақолаҳои зеринро таҳти унвони «Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Равобити байни парлумонҳо равнақ меёбад», «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт…», «Шаҳринав. Иншооте, ки тӯли 22 сол сохтмонаш анҷом наёфт», «Шуғнон. Коргоҳҳои хурди саноатӣ зиёд мешаванд», «Эҳтимоли аз хушколӣ осеб дидани 130 кишвар. Ва оё метавонем аз абр борон бирезонем?»  мутолиа намоянд.

Муаллиф мақолаи «Эҳтимоли аз хушколӣ осеб дидани 130 кишвар. Ва оё метавонем аз абр борон бирезонем?» Сайфиддин Суннатӣ чунин  нигоштааст: «Мувофиқи маълумоти СММ, аз соли 1997 то соли 2017 зарари хушксолӣ ба кишварҳои ҷаҳон 14 милллиард далларро ташкил дода, ба муҳити зист ва зиндагии беш аз 1, 5 миллиард нафар сокини сайёра таъсири манфӣ расонид. Намояндаи махсуси СММ хонум Мами Мизуторӣ дар нишасти хабарии маҷозӣ иброз доштааст, ки хушксолӣ дар осонаи табдилёбӣ ба пандемияи баъдӣ буда, барои дармони он ягон ваксина  вуҷуд надорад. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ сари вақт чора наҷӯяд, шумораи осебдидагон ва қубониёни хушксолӣ афзоиш ҳоҳанд ёфт. Дар СММ зикр шудааст, ки дар сурати идома ёфтани раванди гармшавии сайёра қариб 130 кишвар дар асри XXI аз хушксолӣ осеб хоҳанд дид. Бисту се кишвари дигар бо сабаби афзоиши аҳолӣ бо норасоии об  рӯ ба рӯ хоҳанд шуд…». Ҳамчунин муаллиф дар мақолаи худ доир ба борони сунъӣ сохтани давлатҳо фактҳои ҷолиб овардааст. Инчунин аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудааст, ки бо муҳаққиқони Аморати мутаҳидаи Араб ҳамкорӣ намоянд.

«Народная газета» нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи  чоршанбе,  7 июли соли 2021 дар баробари хабару гузоришҳои расмӣ  маводҳоро таҳти унвони «Фестиваль национальной современной одежды», «В Таджикистане завершился осоновной ютеп ЦВЭ», «В районе Фирдавси сдан в эксплуатацию ряд праздничных объектов», «В ГБАО улучшается ситуация с водоснабжением», «Дангаринский район активно благоустраивается» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва минтақа ба нашр расонидааст.

«Минбари халқ»  -нашрияи Марказии Ҳизби Халқи Демократии  Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи рӯзи чоршанбе, 7 июли соли 2021  дар баробари чопи хабару мақолаҳо аз ҳаёти сиёсӣ ва ҳизб, инчунин  мақолаҳои  зеринро чоп намудааст: «Канори ҳамдигар бошем!»,  «Нақши ҷавонон дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ», «Ба равзанаи таърих бо чашми ақл бояд нигарист», «Мушкилот ва пешниҳод», «Солимии  мо аз ҳифзи табиат вобаста аст», «қуллаи академик Раҳим Масов» .

Фирӯзаи Давлат,
АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад