Фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар нимсолаи аввал натиҷагирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар ноҳияи Фирдавсӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои шашмоҳаи дуюми соли равон маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи мазкур баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.
Дар маҷлис, ки имрӯз дар маҷлисгоҳи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, роҳбари Маркази таҳлилӣ ва матбуоти КИМ ҲХДТ Маҳмадулло Наимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Насимҷон Ҳомидзода, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳия, аксари вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони кумитаю ташкилоти ибтидоии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилоти ибтидоӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда барои нимсолаи дуюм шунида шуд.
Мавсуф зимни ироаи ҳисобот тазаккур дод, ки Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар давраи ҳисоботӣ корҳоро дар самти пешбурди корҳои таблиғотӣ-сиёсӣ, кор бо ҷавонону таблиғи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, таҳлили саҳифаҳои иҷтимоӣ ва инъикоси хабару гузоришҳо, баргузории корҳои тозагию бунёдкорӣ дар ноҳия ба анҷом расонидааст.
“Дар давраи мазкур 1534 нафар ба сафи аъзои ҳизб қабул гардида, 3525 нафар аъзои ҳизб бинобар иваз кардани макони фаъолият ва ҷойи зист аз қайди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бароварда ва ба дигар шаҳру ноҳияҳо фиристода шуданд”, — ҳисобот дод А. Шоҳиён.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра дар ноҳия 6 ташкилоти ҳизбии нав таъсис ёфта, фаъолияти 3 ташкилот қатъ гардид ва фаъолияти 6 ташкилоти дигар муваққатан боз дошта шуд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе, КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки вакилон, масъулини ҳизбӣ ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” пайваста баҳри ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои истироҳатию фароғатӣ шанбегиҳои дастаҷамъона доир менамоянд.
“Дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар якҷоягӣ бо кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ 73 вохӯрӣ оид ба тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо ҷалби вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҳаллии вакилони халқ, 378 дарси сиёсӣ дар кумитаву ташкилоти ибтидоӣ, 12 чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва таблиғотӣ, 6 ҳамоиш, 14 аксияву ҷавонону бонувон, 11 вохӯрӣ миёни ҷавонон ва бонувон баргузор намуд”, — зикр кард раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ.
Баъдан дар музокира роҳбари Маркази таҳлилӣ ва матбуоти КИМ ҲХДТ Маҳмадулло Наимов, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб дар ноҳия Зариф Сафаров, муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” Зулфия Алиева ва аъзои фаъоли ҲХДТ Бойалӣ Ҳусейнов баромад намуда, фаъолияти Кумитаро дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ қаноатбахш ҳисобиданд.
Тибқи рӯзнома, аз рӯи масъалаи дуюм таъсиси Ситоди обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” дар кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таҳия ва тасдиқ гардид.
Дар кори маҷлис доир ба масъалаҳои дигари рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.











Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд






