Вазири мудофиаи миллии Туркия Хулусӣ Акар: «Мо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯсту бародар ва шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ меҳисобем»
ДУШАНБЕ, 01.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Акарро ба ҳузур пазируфтанд.
Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», пас аз мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Акар дар нишасти хабарӣ чунин гуфт: «Мо бо Президент муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти пурмаҳсул ва муҳим доштем. Албатта Ҷаноби Президентро пеш аз сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр хуб менишохтам. Лекин имрӯза мулоқоти рӯ ба рӯи мо самарии бисёр хуб дошт. Ман таассуроти зиёд гирифтам».
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки имконияти муфиде дошт, аз фикру ақидаҳои шахсии Президенти Тоҷикистон доир ба масъалаҳои минтақа огоҳ шавад.
Ба таъкиди Вазири мудофиаи миллии Туркия, Президенти Тоҷикистон дар бораи масъалаҳои имрӯз вуҷуддошта андешаҳову таҳлилҳои амиқи худро баён доштанд ва пешниҳодҳои худро вобаста ба ояндаи Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ироа намуданд.
«Ҷаноби Президент инчунин Презденти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғонро ба Тоҷикистон бори дигар расман даъват намуданд. Ман ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нияти Президенти Ҷумҳурии Туркия вобаста ба анҷом додани сафар дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон хабар додам», — тазаккур дод ӯ.
Хулусӣ Акар ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки сафар ва мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони сатҳи олии ҳарду кишвар барои боз ҳам ба сатҳи баланд баровардани ҳамкорӣ байни вазоратҳои мудофиа такони тоза мебахшанд.
«Инчунин мо имрӯз оид ба масъалаҳои муайяни ҳамкорӣ мубодилаи афкор доштем. Гуфта метавонам, ки кишварҳои мо вобаста ба масъалаҳои байналмилалӣ мавқеи ҳамсон доранд. Мо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯсту бародар ва шарики муҳим дар минтақаи Осиёи Марказӣ меҳисобем. Ҳарду кишвар арзишҳои умумӣ доранд, ки яке аз онҳо асари безаволи Мавлоно Ҷалолиддин Румӣ мебошад, ки мардумони мо имрӯз аз он баҳра бурда истодаанд», — гуфт Вазири мудофиаи миллии Туркия.
Ба гуфтаи ӯ, зимни мулоқот инчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон мубодила афкор сурат гирифтааст.
«Пас аз мулоқоти имрӯза бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мо дастуру ҳидоятҳои хешро доданд, вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишварро мебояд ҳамкориро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар самти мудофиа боз ҳам ба сатҳи баланд бардоранд ва сафарҳои дуҷонибаро дар оянда тақвият диҳанд, то ба беҳтар намудани ҳамкории хосаи байни кишварҳо, хосатан вазоратҳои мо такони тоза бахшанд», — ибрози андеша намуд Хулусӣ Акар.
Дар охир ӯ бо истифода аз фурсат таманниёти беҳтарини худ ва мардуми Туркияро ба мардуми Тоҷикистон расонид.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд






