Харитаи роҳи Чаҳорчӯби нави ҳамкорӣ оид ба рушди устувори СММ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Июль 15, 2021 14:30

ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ чорабинии муштараки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Дафтари Ҳамоҳангсозии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Муаррифӣ ва тасдиқи харитаи роҳи Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш муовинони роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва коршиносони онҳо, роҳбарони муассисаҳои тахассусии СММ, аъзои тими кишварии он ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огаҳии мақомоти давлатӣ аз раванди таҳияи Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026, ки ҷиҳати татбиқи барномаҳои муштараки Созмони Милали Муттаҳид дар кишвари мо замина фароҳам меорад, барпо гардид.

Ҳамоишро аз ҷониби Тоҷикистон муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашӯрбой Солеҳзода ва аз тарафи СММ –  Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Синаноғлу ифтитоҳ намуданд. Дар қисмати ифтитоҳӣ ҳамчунин муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода суханронӣ карда, роҷеъ ба марҳилаҳои ҳамкории Тоҷикистону СММ дар соҳаҳои гуногун ва мавқеи кишвари мо нисбат ба Чаҳорчӯби номбурдаи ҳамкорӣ изҳори назар намуд. Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки таҳкиму густариши ҳамкорӣ бо СММ ва ниҳодҳои тахассусии он аз авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Сипас коршиносони тими кишварии СММ дар Тоҷикистон ба ширкаткунандагон роҷеъ ба ҷанбаҳои асосии Харитаи роҳи Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор маълумот ва рӯнамоиҳо ироа карда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас доданд.

Шоёни зикр аст, ки пешнависи ниҳоии Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор то моҳи июни 2022 омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқи баъдӣ ироа хоҳад шуд.

 

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

 

Июль 15, 2021 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид