Хонандагони Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии ISI Junior ғолибият ба даст оварданд

Июль 12, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаҳои  таълимии  шаҳри Душанбе  дар   Олимпиадаи байналмилалии ISI Junior аз фанни технологияи иттилоот  сазовори ҷойҳои 2 ва  3  гардиданд. Соли оянда тибқи хулосаи Кумитаи тадорукоти олимпиадаи мазкур мизбони баргузории Олимпиадаи ISI Junior шаҳри Душанбе дониста шуд.

Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Олимпиадаи байналмилалии ISI Junior  аз ҷониби Федератсияи Россия  аз 1 то 10 июли соли равон баргузор гардида, дар он байни наврасони то 15-сола иштирок намуданд.

Олимпиада тариқи онлайн баргузор гардида, дар он зиёда аз 11 давлати дунё бо шумораи умумии 180 нафар хонандагон — барномасозони то 15- сола иштирок ва сабқат намуданд. Дар олимпиадаи мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт низ иштирок намуда, ҷойҳҳои намоёнро сазовор гардиданд.

Июль 12, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст