Иқдомҳои амалии Ҳукумати мамлакат оид ба бартараф намудани пайомадҳои заминҷунбӣ дар водии Рашт
ДУШАНБЕ, 11.087.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 10 июл, соати 07:14 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон заминларза рух дода, дар минтақаи Рашт чуқурии заминларза ба10 км ва магнитудаи он ба 5,9 бал баробар буд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зилзила дар 165 км қисмати шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 21 км то ноҳияи Рашт дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ба вуқӯъ пайвастааст.
Мутаассифона, бар асари заминларза хисороти ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шуд. 5 нафар сокини деҳаи Бӯстони (собиқ деҳаи Кӯли боло) ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод зери хок монда, ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, дар деҳаҳои Бӯстон, Сари чашма ва Кӯли калони ноҳияи Тоҷикобод ба манзили истиқоматии сокинон, хати барқу алоқа осеб расидааст. Дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Ярхоби ноҳияи Рашт 7 манзили истиқоматӣ ва деҳаи Шархо ва Сари шухони ҷамоати Аскалони ноҳияи мазкур 12 манзили истиқоматӣ зарар дидаанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ситоди фаврӣ ташкил карда шуд. Маҳматоир Зокирзода дар ҷои ҳодиса бо мардуми зарардида вохӯриҳо гузаронда, зикр кард, ки имрӯз мардуми зарардидаи ин офати табиӣ ҳеҷ гоҳ танҳо нестанд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хонаҳои зарардида дар муҳлати кутоҳтарин бартараф хоҳанд шуд.
Зарардидагони ҳодисаи табии мазкур аз чунин ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз роҳи сиёсати инсонгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, изҳори миннатдорӣ намуда, бо эътимоди комил иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат онҳоро дар чунин рӯзи мушкил танҳо намемонад.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми саъю кӯшиш баҳри дастгирии мардум кор бурда истодааст. Манзилҳои валангоргаштаи минтақаҳои осебдида пурра аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда мешаванд.








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






