Имрӯз дар Ҷопон Бозиҳои олимпии Токио-2020 оғоз мешаванд

Июль 23, 2021 14:21

ДУШАНБЕ, 23.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 июл, маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио дар Варзишгоҳи миллии  шаҳри Токиои Ҷопон оғоз мешавад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Ин мусобиқа ба хотири паҳншавии бемории коронавирус як сол ба таъхир афтод. Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфтааст, ки 11 ҳазор варзишгар аз 206 кишвар дар ин Бозиҳо иштирок хоҳанд кард. Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23  июл то 8  август баргузор мешаванд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунанд. Се нафари онҳо — Комроншоҳи Устопириён (дзюдо, -90 кг), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов (ҳарду оид ба шиноварӣ) – бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф мешаванд.

Ҳафт нафари дигар — Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (дар вазни -81 кг), Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) — ҳарсе дар риштаи дзюдо, Баҳодур Усмонов (дар вазни -63 кг), Шаббос Неъматуллоев (дар вазни -81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (дар вазни +91 кг) — ҳарсе оид ба бокс, Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук бори аввал дар Олимпиада иштирок мекунанд.

Ин мусобиқа дар вазъияте баргузор мешавад, ки дар шаҳри Токио бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бархе маҳдудият ҷорӣ шудаанд. Аз ин рӯ имсол Бозиҳои олимпӣ бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд.

Хоҳишмандон имкон доранд, ки маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро соати 16:00 ба вақти Тоҷикистон мустақиман тавассути шабакаи ТВ «Варзиш» тамошо намоянд.

 

АКСҲО аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Июль 23, 2021 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд