Иштирокдорони озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 07.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии «Тоҷикстандарт» дар доираи ҷамъбасти даври якуми озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки соҳибкорон чорабинӣ доир гардида, суъбектҳои хоҷагидор бо «Ифтихорнома»-ҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.
Зимни ҷамъбасти озмун директори Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳобзода зикр намуд, ки номгӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамасола дар мамлакат рӯ ба афзоиш дорад ва имконият медиҳад, ки молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои дохиливу ҷаҳонӣ рақобатпазир гардида, иқтидори содиротии мамлакат қавитару васеътар шавад.
Таъкид гардид, ки сифатнокӣ талаботро ба мол торафт афзун мегардонад. Дар бозор аслан ба ҳамон маҳсулот талаботи мардум бештар аст, ки ба бехатариаш кафолат дода шуда, ҳамзамон сифати хуб дорад ва ба табъу завқи истеъмолкунанда мувофиқ мебошад. Табиист, ки танҳо маҳсулоти хушсифат бозоргир ва ба рақобат тобовар ба ин мусоидат менамоянд.
Зикр шуд, ки Агентии «Тоҷикстандарт» сифат, бехатарии молу маҳсулот, кору хизматрасониро таҳти назорат қарор дода, бахши хусусиро дастгирӣ ва барои рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд.
Инчунин муовини директори Агентӣ Ситора Шерзода изҳор дошт, ки ҳар як дастоварди соҳибкорони ватанӣ боиси ифтихор буда, баёнгари дар бозори истеъмолӣ пайдо намудани мавқеъ дар истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва хизматрасонии ба талаботи меъёрҳо ҷавобгӯ мебошад.
Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» дар доираи ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони ватанӣ ва дар ин замина барои муаррифӣ намудани маҳсулоти ватанӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротиву воридотивазкунанда ва таъмини амнияти иқтисодии кишвар гузаронида шуда, даври дуюми озмун ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон охири моҳи июл дар назар дошта шудааст.








Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: ҳар як паём ё файлро бодиққат санҷед
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии ПЛАС «Digital Tajikistan 2026» баргузор гардид
Корхонаи пахтатозакунию равғанбарории ҶДММ «Кони ганҷ»-и Зафаробод бо иқтидори пурра фаъолият дорад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабакаи байналмилалии «Euronews» муаррифӣ мегарданд
Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 120 хизматрасонии давлатӣ тавассути портали электронӣ дастрас мебошад
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» оғоз шуд
Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия оғоз шуд
САНОАТИ МАЪДАН ВА МЕТАЛЛУРГИЯ. Он яке аз муҳимтарин бахшҳои саноат мебошад






