КИМ ҲХДТ: Мулоқоти онлайнии Абдуҷаббор Азизӣ бо Чин Сян Хуншан доир гардид

Июль 24, 2021 10:55

ДУШАНБЕ, 24.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамчун ҳамсояи наздик мо хушҳолем ҳастем, ки аз соли 2012 то  инҷониб Ҷумҳурии Мардумии   Чин тақрибан 100 миллион нафар мардуми деҳотро аз камбизоатӣ раҳо намуда, барои расидан ба ҳадафи Рӯзномаи СММ оид ба рушди устувор 10 сол пеш аз муҳлат шарафёб гардид.

Ин матлабро Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни мулоқоти онлайнӣ бо муовини мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Дастгоҳи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Сян Хуншан, ки  23 июл баргузор гардид, баён намуд.

Тавре аз  КИМ ҲХДТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мулоқоти  мазкур бо дархости Ҳизби Коммунистии Чин доир гардид.

Зимни суханронӣ муовини мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Дастгоҳи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин  Сян Хуншан мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи аъзои ҳизбро дар Саммити Ҳизби коммунистии Чин ва ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон самимона шодбош гуфта, дуруди самимии роҳбарияти раёсати байналмилалии Ҳизби коммунистии Чинро расонид.

Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ аз рушди  муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии неки ду кишвар эҳсоси қаноатмандӣ намуда, зикр  кард, ки дар тӯли сад соли муборизаи ҷасурона Ҳизби коммунистии Чин ҳамеша ба рисолат ва ҳадафи аслии худ – некуаҳволии халқ содиқ монд.

-Таърихи якасраи Ҳизби коммунистии Чин ҳамчунин таърихи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин мебошад, ки ба давраи нав қадам гузоштанд.Ба шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо итминон метавон гуфт, ки кишварҳои мо минбаъд низ ҳамкории бисёрҷабҳаро тавсеа намуда, намунаи ҳамсоягии нек боқӣ мемонанд ва ҳамчун кафили субот ва амнияти минтақавӣ талошҳои муштаракро барои густариш додани муносибатҳои байналмилалӣ талош менамоянд, -афзуд А.Азизӣ

Гуфта шуд, ки аз рўзҳои нахустини паҳншавии пандемияи коронавирус кишварҳо дар паҳлўи ҳамдигар буда, ба аҳолӣ хизмати баландсифати тиббӣ мерасонанд ва ин нишонаи олии ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ маҳсуб мешавад.

Дар мулоқот ҳамзамон оид ба муҳим будани тақвияти иртиботи доимии кишварҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи башар дар самти мубориза бо бемориҳои сироятӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва суботи ҷомеа табодули афкор сурат гирифт.

Зимни суханронӣ Абдуҷаббор Азизӣ оид ба самтҳои серпаҳлўи равобити  ду шарикони стратегӣ ибрози назар намуда, тақвият бахшидани ҳамкории ҳизбиро байни ҲХДТ ва ҲКЧ дар самтҳои мушаххас бо пешниҳоди  таклифҳои мақсаднок зарур донист.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба самтҳои гуногуни шарикии стратегии кишварҳои ҳамҷавор ва ҳизбҳои сиёсӣ мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

Зимни мулоқоти видеоӣ ҷонибҳо ба ҳамкории ҲХДТ бо ҲКЧ баҳои баланд дода, идома додани ин иртиботи ҳасана ва мутақобиларо ба манфиати ҷонибҳо донистанд.

Ҳамчунин дар рафти суҳбат дигар масъалаҳои ҳамкориҳои ҳизбӣ ва пайдо кардани роҳҳои муосири идома додани муколама байни ҳизбҳои сиёсӣ баррасӣ гардида, он дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ  ҷамъбаст шуд.

Дар мулоқоти мазкур аз ҷониби ҲХДТ ҳамчунин мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён,  раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Оятулло Аҳмадзода ва аз ҷониби чинӣ муовини директори Раёсати шашуми шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Дастгоҳи Марказии Ҳизби коммунистии Чин Ван Мин,  муовини директори Раёсати шашуми шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Дастгоҳи Марказии Ҳизби коммунистии Чин Ли Тзюнфу ва дигар  кормандони бахши Раёсати мазкур иштирок намуданд.

 

Аксҳо аз  КИМ ҲХДТ

Июль 24, 2021 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад