Корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба маблағи беш аз 20 млн сомонӣ корҳои ободонию сабзазоркуниро анҷом доданд

Июль 27, 2021 14:35

ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи  якуми соли 2021 аз тарафи корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои ободонӣ ва сабзазоркунӣ ба маблағи 24 млн 437 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд, ки 100 фоизи иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда мебошад. Дар мавсими дарахтшинонӣ зиёда аз 29,2 ҳазор бех дарахтони ҳархела шинонида шуда, дар ин давра ҳаҷми умумии кашонидани партовҳо 284,5 ҳазор м3-ро ташкил медиҳад, ки ин мутаносибан 102 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Сайфиддин Раҳимзода хабар дод.

Сайфиддин Раҳимзода зикр намуд, ки дар гармхонаҳо зиёда аз 300 ҳазор қаламчаи гули садбарг, дар масоҳати 1500 метри мураббаъ гулҳои мавсимӣ ва зиёда аз 20 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудаанд, ки онҳо дар мавсими дарахтшинонӣ барои ободонӣ ва сабзазоркунии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо истифода бурда шуданд.

Дар ин давра корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба истифодабарандагон ба маблағи 98  млн 476  ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 114 фоизро ташкил медиҳад.

Дар самти таъмини оби нӯшокӣ дар деҳоти ҷумҳурӣ зикр шуд, ки то 1 июл дар деҳоти ҷумҳурӣ якчанд иншооти обтаъминкунӣ ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, сохтмон ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, марҳилаи аввали Лоиҳаи хатти оби нӯшокии деҳоти Боғпарвари Ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғара ва хатти оби нӯшокии деҳаи Офтобрӯяи ноҳияи Данғара бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супорида шуданд, ки дар натиҷа 3000 хоҷагӣ, ё ин ки зиёда аз 12 000 нафар сокинони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, 2 500 хоҷагӣ ё ин ки зиёда аз 7 ҳазору 240 нафар аҳолии деҳаҳои Боғпарвар, Чаманистон ва Баҳори ноҳияи Данғара ва 355 хоҷагӣ ё ин ки 1775 нафар сокинони деҳоти Офтобрӯяи ноҳияи Данғара ба оби нӯшокӣ дастрасӣ пайдо кардаанд.

Дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ корхонаҳои тобеъ дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба истифодабарандагон ба маблағи 41 млн 101,8 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои гуногуни коммуналӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 4 млн 684,2  ҳазор сомонӣ зиёд буда, дар маҷмӯъ 112,9 фоизро ташкил медиҳад.

Дар самти сохтмон ва барқарорсозии иншоотҳои соҳа дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ зикр шуд, ки  бо кумак ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти соҳа, аз ҷумла барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови шаҳру ноҳияҳо сармояи институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ҷалб гардида, дар доираи татбиқи се лоиҳаи инвеститсионии амалишаванда, аз ҷумла лоиҳаҳои «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлон», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Шимол», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Шимол-2»   ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои зикршуда корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Шимол» аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда доир ба барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои Конибодом, Б.Ғафуров, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон корҳои лоиҳакашӣ ба анҷом расонида шуда, озмунҳо оид ба интихоби пудратчӣ гузаронида шуданд. Дар ин замина 5 қарордод оид ба барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои болозикр ба имзо расонида шуда, корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Июль 27, 2021 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид