Маҳмадшоҳ Гулзода: Бори аввал дар ҷумҳурӣ усули тадқиқотии муосири биоимпедансиметрия ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар ҷумҳурӣ усули тадқиқотии муосири биоимпедансиметрия бо истифода аз таҷҳизоти МЕДАСС ба роҳ монда шуд. Он бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ ва ташхисию табобатӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино роҳандозӣ шуд. Усули биоимпедансиметрия дар Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ роҳандозӣ шуда, то имрӯз беш аз 400 нафар аз ташхис гузаштанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.
Ба зикри мавсуф, усули биоимпедансиметрия барои ташхиси амиқи фарбеҳӣ ва аломатҳои метаболитикӣ, баҳодиҳии таркиби сафедаи ғизо, фаъолияти ҷисмонии шахс, вайроншавии мубодилаи обу намакҳо, мубодилаи асосии бадан, ҳаҷми умумии моеъи организм, массаи минералии бофтаҳои устухонӣ, фоизи вазни чарбуи бадан ва индекси вазни бадан равона шудааст.
Маҳмадшоҳ Гулзода иброз дошт, ки баҳри таъмини таҳсилоти босифат дар соҳаи фарматсия ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат соли равон 12 номгӯй дастгоҳҳои фармасевтӣ харидорӣ шуданд, ки ба истеҳсоли маводи доруворӣ дар заминаи факултети фарматсия равона шудаанд. Он ҳамчунин омили асосии омода намудани мутахассисони ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ ба ҳисоб меравад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






