Маркази миллии тестӣ: 24 июл озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Июль 24, 2021 11:09

ДУШАНБЕ, 24.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 июли соли равон натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2021 эълон шуда, тариқи смс паёмак ба ҳар як рақами телефони довталаб ирсол гардиданд.

Тавре котиби маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  мувофиқи тартиби муқарраргардида ба озмуни тақсимот довталабоне роҳ ёфтанд, ки аз рӯйи ихтисосҳое, ки супориданд: қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) аз ҳамаи субтестҳои қисми А,  аз ҳамаи субтестҳои қисми қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), ду субтести аввали қисми А ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус), аз ду субтести аввали қисми Б ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В ва   — қисмҳои А ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва аз қисми Г холҳои гузаришро соҳиб гардидаанд.

Мавсуф иброз намуд, ки  маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ӯ, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони «Телефони мобилӣ» қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода мешавад.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо оварда мешавад, ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд.

Довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардидаанд, ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрорӣ доранд. Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, баъд аз анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ омода ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.

Ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнагардида тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати шинос шудан бо рӯйхати мазкур, инчунин тартиби озмуни тақсимоти такрорӣ мунтазам эълону хабарҳои сомонаи Марказро хонанд. Инчунин, ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнагардида рӯзҳои наздик дар бораи кадом рӯз дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуданашон паёмак (SMS) фиристода мешавад.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 24, 2021 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд