Новобаста ба пандемия ва авзои амниятии Афғонистон беш аз 125 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд

Июль 26, 2021 11:04

ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз пандемияи COVID-19 ва авзои сиёсию амниятии  Афғонистон соли равон аз Тоҷикистон беш аз 125 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ боздид намудаанд. Тавре имрӯз дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода зикр намуд,  аз ҳам бештар аз Тоҷикистон сайёҳони Ӯзбекистон- 70 ҳазор нафар боздид намудаанд. Дар маҷмӯъ, аз кишварҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ 107 ҳазор сайёҳ ва аз давлатҳои хориҷи дур 17 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ба тамошои мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон омадаанд.

Тоҷиддин  Ҷӯразода зикр намуд, ки ҳоло дар бозори сайёҳии Тоҷикистон 226 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки  50 адади он ба Бадахшон, 40 адад ба Суғд,  17-то ба Хатлон, 105 ширкат ба шаҳри Душанбе ва 14 ширкати сайёҳӣ ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ рост меояд. Зикр шуд, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар ҷумҳурӣ дар самти рушди сайёҳӣ корҳои назаррас  анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва  инфрасохтори соҳа ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии  молиявӣ тақвият ёфта, маблағҳои грантӣ аз Бонки ҷаҳонӣ-30 миллион доллари амрикоӣ ва аз Бонки Осиёии Рушд- 10 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаҳои «Рушди иқтисодиёти деҳот» ва «Рушди сайёҳӣ» ҷалб гардидаанд.

Таъкид шуд, ки сол аз сол инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушду ташаккул меёбад. Ин аст, ки  алҳол дар ҷумҳурӣ  беш аз 280 субъекти  хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 179 адад меҳмонхона, 25 ҳостел ва мотелҳо, 51 осоишгоҳ, 7 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ,  7 хонаи истироҳатӣ, 3 пансионат ва кемпинг ва се базаи сайёҳию истироҳатӣ  ба сайёҳон хизмат мерасонанд.

Бо дахли омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар кишвар Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки айни замон  дар 20 муассисаи  олии таълимӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ қариб се ҳазор нафар донишҷӯён аз рӯи 15 намуди ихтисос  ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Онҳо баъд аз хатми муассисаҳои олӣ дар инфрасохтори бахши сайёҳии мамлакат  бо  кор таъмин гардида, дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат нақши  муассир мегузоранд.

Июль 26, 2021 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд