ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Аз 21 то 25 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 25 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки то ҳадди имкон ба маҳалҳои селомади кӯҳӣ барои чаронидани чорвову ҷамъоварии ҳезум ва ҳар гуна рустаниҳои дорувор нараванд. Рафтан ба моҳидорӣ низ дар чунин рӯзҳо маслиҳат нест, чун оби дарёҳо баногаҳ метавонад баланд шавад.
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки ҳамаи чораву тадбирҳои бехатариро риоя намоянд. Селроҳаву ҷӯйбору каналҳоро сари вақт аз хасу ифлосиҳо ва ҳар гуна бодовардҳо тоза намоянд.
Ба ронадагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар маҳалҳои кӯҳӣ ва маконҳои хатарноке, ки омадани сел эҳтимол дорад, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд, зеро риояи фосила байни мошинҳо ҳангоми ҳаракат ҳатмист.








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






