Ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Душанбе соҳиби хона мешаванд

Июль 23, 2021 10:05

ДУШАНБЕ, 23.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати олимпии Тоҷикистон шоми 20 июл ба шаҳри Токио расид ва аъзои ҳайатро масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешвоз гирифта, дар Деҳаи олимпӣ ҷобаҷо карданд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар додан, 21 июл парчами Тоҷикистон дар Деҳаи олимпӣ парафшон карда шуда, варзишгарон ва мураббиён аз ташхиси COVID-19 гузаштанд, ки натиҷаи ташхиси онҳо манфӣ буд. Онҳо аллакай дар Деҳаи олимпӣ ба тамрин шурӯъ кардаанд.

Роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо варзишгарон ва мураббиён мулоқот карда, ба онҳо муваффақият хостанд.

Зимни мулоқот ба маълумоти варзишгарон расонида шуд, ки аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат ба варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, хона туҳфа карда мешавад. Аз ҷумла, барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз Фонди Пешвои миллат ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, мутаносибан 300 000 сомонӣ,  250 000 сомонӣ ва 200 000 сомонӣ ҷудо мешавад.

Варзишгарони Тоҷикистон қабл аз сафар ба Токио дар самти ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ, иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ, фармакология аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмин гардиданд.

32-юмин Бозиҳои Олимпиада дар шаҳри Токиои Ҷопон аз 23 июл то 8 август баргузор мешавад. Дар бозиҳо ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 23 нафар, аз ҷумла 10 варзишгар – Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо), Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) ширкат мекунанд.

Маросими кушодашавии бозиҳо шоми 23 июл дар Варзишгоҳи олимпии Токио сурат мегирад.

Июль 23, 2021 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд