Пагоҳ дар Варзишгоҳи миллии Япония маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 23 июл маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Токиои Япония баргузор мешавад. Маросими мазкур соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Маросими кушодашавии Бозиҳоро шабакаи ТВ «Варзиш» мустақиман манзури тамошобинон мекунад. Такрори ин маросим ҳамон рӯз соати 21:00 дар назар аст. Чорабинӣ бидуни тамошобинон баргузор мешавад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Аввалин шуда, ба майдон дастаи мунтахаби Юнон ва охирин — дастаи мунтахаби Япония ворид мешаванд. Баъди савганд ёд кардани варзишгарон, мураббиён ва дигар шахсон Бозиҳо расман кушода мешаванд. Бояд зикр кард, ки ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон шоми дирӯз ба Токио расид. Аъзои ҳайатро масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешвоз гирифта, дар деҳаи олимпӣ ҷобаҷо карданд.
Дар бозиҳои олимпии Токио- 2020 Тоҷикистонро 10 нафар варзишгарон- дзюдочиён: Сомон Маҳмадбеков (вазни то -73 кг), Акмал Муродов (то -81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то -90 кг), Темур Раҳимов (то + 100 кг), муштзанҳо: Баҳодур Усмонов (то -63 кг), Шаббос Негматуллоев (то -81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (зиёда аз -91 кг); риштаи варзиши сабук: Илдар Аҳмадиев (давидан ба масофаи 100 м), шиноварон: Олимҷон Эшонов (тарзи озод, 50 м) ва Анастасия Тюрина (тарзи озод, 50 м) намояндагӣ мекунанд. Гулсумбӣ Шарифова бо сабаби ҷароҳат бардоштан дар олимпиада иштирок карда наметавонад.
Хотиррасон мешавем, ки олимпиадаи Токио-2020 аз 23 июл оғоз шуда, то 8 август идома меёбад. Дар назар аст, ки дар олимпиадаи мазкур 12 500 варзишгар ширкат варзида, барои 339 ҷоиза миёни ҳам қувва озмоянд. Парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов мебошад. Бо назардошти варзишгарон шумораи ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат аст.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ҳар чаҳор сол доир мегарданд. Бозиҳои олимпии Токио-2020 бояд соли гузашта барпо мегардиданд, вале бо сабаби авҷи бемории коронавирус дар ҷаҳон ба соли 2021 гузошта шуданд.








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






