Пагоҳ дар Варзишгоҳи миллии Япония маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио оғоз мешавад

Июль 22, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ,  23 июл маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио   дар    Варзишгоҳи миллии  шаҳри Токиои Япония    баргузор мешавад. Маросими мазкур соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Маросими кушодашавии Бозиҳоро шабакаи  ТВ «Варзиш» мустақиман манзури тамошобинон мекунад. Такрори ин маросим ҳамон рӯз соати 21:00 дар назар аст. Чорабинӣ бидуни тамошобинон баргузор мешавад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Аввалин шуда, ба майдон дастаи мунтахаби Юнон ва охирин —  дастаи мунтахаби  Япония ворид мешаванд. Баъди савганд ёд кардани  варзишгарон, мураббиён ва дигар шахсон Бозиҳо расман кушода мешаванд. Бояд зикр кард, ки ҳайати дастаи мунтахаби  олимпии Тоҷикистон шоми дирӯз ба Токио расид. Аъзои ҳайатро масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешвоз гирифта, дар деҳаи олимпӣ ҷобаҷо карданд.

Дар  бозиҳои олимпии  Токио- 2020  Тоҷикистонро 10 нафар варзишгарон-  дзюдочиён: Сомон Маҳмадбеков (вазни то -73 кг), Акмал Муродов (то -81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то -90 кг), Темур Раҳимов (то + 100 кг), муштзанҳо: Баҳодур Усмонов (то -63 кг), Шаббос Негматуллоев (то -81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (зиёда аз -91 кг); риштаи варзиши сабук: Илдар Аҳмадиев (давидан ба масофаи 100 м), шиноварон: Олимҷон Эшонов (тарзи озод, 50 м) ва Анастасия Тюрина (тарзи озод, 50 м) намояндагӣ мекунанд. Гулсумбӣ Шарифова бо сабаби  ҷароҳат бардоштан дар олимпиада иштирок карда наметавонад.

Хотиррасон мешавем, ки олимпиадаи Токио-2020 аз 23 июл  оғоз шуда, то  8  август идома меёбад. Дар назар аст, ки дар  олимпиадаи мазкур   12 500 варзишгар   ширкат варзида, барои 339 ҷоиза миёни ҳам қувва озмоянд. Парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио  паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов мебошад. Бо назардошти варзишгарон шумораи ҳайати  дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз 23 нафар иборат аст.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ҳар чаҳор сол доир мегарданд. Бозиҳои олимпии Токио-2020 бояд соли гузашта барпо мегардиданд, вале  бо сабаби авҷи бемории коронавирус дар ҷаҳон ба соли 2021 гузошта шуданд.

 

Июль 22, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд