Пагоҳ Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии омор, Агентии хизмати давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 29, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи  «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии омор соати 08:30 дар Агентии мазкур баргузор мешавад.

Хадамоти гумрук нишасти матбуотиро соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Хадамоти гумрук баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Кумитаи андоз соати 11:00 дар Кумитаи андоз доир мегардад.

МД «Маркази идораи лоиҳаи  «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатӣ соати 15:00 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июль 29, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ