Панҷакент: Шахсияти 8 нафари бар асари сел фавтида муайян карда шуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар натиҷаи селе, ки 19 июл дар деҳаи Киштӯдаки шаҳри Панҷакент ба вуқӯъ омад, 12 нафар ҳалок гардиданд, ки онҳо аз 3 то 32-солӣ дошта, 7 нафарашон узви як хонавода мебошанд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 19 июл ин нафарон, ки ба чаронидани чорво машғул будаанд, ҳангоми борони сел дохили хаймаҳои хеш паноҳ мешаванд, вале сели шадид онҳоро ҳамроҳ бо хаймаҳояшон мебарад.
Ба иттилои манбаъ ному насаби 8 нафари фавтида чунин аст:
- Исмоилова Парвина, соли таваллудаш 1989;
- Ёқубов Ҳабиб, соли таваллудаш 2002;
- Исмоилова Сабрина, соли таваллудаш 2005;
- Исмоилова Сафина, соли таваллудаш 2010;
- Исмоилов Эзоҳ, соли таваллудаш 2011;
- Исмоилов Озод, соли таваллудаш 2015;
- Исмоилова Нигина, соли таваллудаш 2017;
- Исмоилов Ҳасан, соли таваллудаш 2018;
Ҳоло ҷустуҷӯи ду нафари дигар идома дорад.
19 июл, тақрибан соати 17:40, дар натиҷаи борони шадид дар якчанд деҳаҳои ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ сел ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ, 20 га заминҳои корам, заминҳои наздиҳавлигӣ, 8 иншооти ёрирасон, 2 пул, 5 хонаи истиқоматӣ қисман вайрон шуда, 3 хонаи истиқоматӣ пурра аз лойқаву сангу шағал пур шудааст.
Инчунин аз талафи 6 сар чорвои калон ва 20 сар чорвои хурд хабар дода мешавад. Гуфта мешавад, ки ин сели азим як мошини тамғаи «Мусо»-ро бо чор мусофираш бурдааст. Маълум шуд, ки ронанда ва мусофирони мошин бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарианд.
Барои рафъи пайомадҳои офати табиӣ дар ҳамаи минтақаҳои зарардида аз сел Комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият дошта, ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунанд. Дар ин самт техникаи махсус ҷудо шуда, барои рафъи оқибатҳои сел талошҳо идома доранд.
АКС аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҲҶТ








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






