Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарад»
ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарад. Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ қарордошта қотеона иброз доштанд.
«Қотеона иброз медорем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем. Баръакс, мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамҷаворамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад ва мо бо онҳо дар фазои оромиву субот ва дӯстиву ҳамкорӣ зиндагӣ кунем», — таъкид доштанд Пешвои миллат.
Сарвари давлат илова намуданд, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсояи наздиктарин, кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги мо мебошад ва бинобар ин, мо ба сарнавишти мардуми он бетафовут нестем.
Маҳз аз ҳамин лиҳоз, Президенти мамлакат даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ масъалаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузоштаанд.
Пешвои миллат бори дигар таъкид сохтанд, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва мушкилоти ин кишвар бояд бо роҳҳои мусолиматомез ва осоишта ҳаллу фасл карда шавад.
«Мардуми Афғонистон, ки соҳиби таърих ва арзишҳои бостонии фарҳангӣ буда, сарзамини онҳо ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни башарият эътироф шудааст ва ин мардум ба аҳли башар даҳҳо ва садҳо нафар шахсиятҳои фарзонаро додаанд, бояд тақдири имрӯзу ояндаашонро ба дасти худ гиранд», — зикр карданд Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Тарзи идораи давлат ва сохти давлатдорӣ дар ҳамаи кишварҳои соҳибихтиёр, аз ҷумла дар Афғонистон, ба таъкиди Пешвои миллат, бояд танҳо бо хости аксарияти мардум ва иродаи шаҳрвандони он муайян ва муқаррар карда шавад.
АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






