Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарад»

Июль 22, 2021 07:39

ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарад. Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ қарордошта қотеона иброз доштанд.

«Қотеона иброз медорем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем. Баръакс, мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамҷаворамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад ва мо бо онҳо дар фазои оромиву субот ва дӯстиву ҳамкорӣ зиндагӣ кунем», — таъкид доштанд Пешвои миллат.

Сарвари давлат илова намуданд, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсояи наздиктарин, кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги мо мебошад ва бинобар ин, мо ба сарнавишти мардуми он бетафовут нестем.

Маҳз аз ҳамин лиҳоз, Президенти мамлакат даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ масъалаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузоштаанд.

Пешвои миллат бори дигар таъкид сохтанд, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва мушкилоти ин кишвар бояд бо роҳҳои мусолиматомез ва осоишта ҳаллу фасл карда шавад.

«Мардуми Афғонистон, ки соҳиби таърих ва арзишҳои бостонии фарҳангӣ буда, сарзамини онҳо ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни башарият эътироф шудааст ва ин мардум ба аҳли башар даҳҳо ва садҳо нафар шахсиятҳои фарзонаро додаанд, бояд тақдири имрӯзу ояндаашонро ба дасти худ гиранд», — зикр карданд Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Тарзи идораи давлат ва сохти давлатдорӣ дар ҳамаи кишварҳои соҳибихтиёр, аз ҷумла дар Афғонистон, ба таъкиди Пешвои миллат, бояд танҳо бо хости аксарияти мардум ва иродаи шаҳрвандони он муайян ва муқаррар карда шавад.

 

АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2021 07:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қирғизистон нишасти коршиносони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ доир гардид
«ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНОН». Дар Хатлон мусобиқаи ҳарбӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон аз хатари омадани сел ҳушдор дода мешавад
«ИТТИҲОД-2022». Имрӯз маросими пӯшидашавии машқҳои муштарак миёни Узбекистон ва Тоҷикистон доир мегардад
Вобаста ба марги муҳоҷири меҳнатӣ дар шаҳри Москва: шарҳи Сафорати Тоҷикистон
Дабири кулли СММ башариятро аз афзоиши хатари яроқи ҳастаӣ ҳушдор дод
Ҳабибулло Воҳидзода: Дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира гардид
Ҷаласаи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ дар Ҳиндустон баргузор мегардад
Чин моҳи август раёсати Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро бар уҳда мегирад
Нақши Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ шуд
НЭНСИ ПЕЛОСӢ БА ТАЙВАН ОМАД. Сафири ИМА ба Вазорати корҳои хориҷии Чин даъват шуд
ИМА изҳор доштанд, ки ҳаққи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистонро нигоҳ медоранд

Маводҳои таҳлилӣ