Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд

Июль 13, 2021 18:30

ДУШАНБЕ, 13.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. 13 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «Тоҷикистон ва Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ ва ҳамсоягони наздик мебошанд ва мо манфиатдорем, ки муносибатҳои наздики боэътимоди байни кишварҳоямон дар ҳама шаклҳо минбаъд амиқтар карда шаванд».

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ, ба роҳ мондани содироти молҳои Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ, ба бозорҳои Чинро, муҳокима намуданд.

Ба ҷониби Чин барои дар давраи пандемия ҷудо кардани 300 ҳазор воя ваксина ба хотири пешгирӣ ва аз байн бурдани бемории сироятии короновирус изҳори сипос карда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчуби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкори Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, инчунин дигар ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҷонибҳо ба масъалаи муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳо бар зидди терроризм ва экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои умдаи минтақавӣ ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И 13.07.2021

Июль 13, 2021 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон