Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон дар доираи сафари корӣ бо намояндагони Ҷумҳурии Федеративии Олмон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27-28 июл Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо Прокурори генералии федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, доктор Петер Франк, Прокурори генералии шаҳри Дюсселдорф Хорст Бин ва дигар шахсони расмии Замини Рейни Шимолӣ- Вестфалия мулоқот намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқотҳо ҷонибҳо масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҳарду кишвар ва парвандаҳои ҷиноятии мушаххасро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин истирдоди ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, расонидани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз барқарор шудани муносибатҳои мустақими дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри тақвият бахшидани он ба мувофиқа расиданд.
Сафари корӣ ва мулоқотҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.
АКС аз сомонаи Прокуратураи генералии ҶТ








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






