Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон дар доираи сафари корӣ бо намояндагони Ҷумҳурии Федеративии Олмон мулоқот намуд

Июль 29, 2021 15:10

ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27-28 июл  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия  Юсуф Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо Прокурори генералии федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, доктор Петер Франк, Прокурори генералии шаҳри Дюсселдорф Хорст Бин ва дигар шахсони расмии Замини Рейни Шимолӣ- Вестфалия мулоқот намуд.

Тавре  аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқотҳо ҷонибҳо масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҳарду кишвар ва парвандаҳои ҷиноятии мушаххасро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин истирдоди ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, расонидани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз барқарор шудани муносибатҳои мустақими дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри тақвият бахшидани он ба мувофиқа расиданд.

Сафари корӣ ва мулоқотҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

 

АКС аз сомонаи Прокуратураи генералии ҶТ

Июль 29, 2021 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд