СҶТ БОЗ ТОҶИКИСТОНРО БАРОИ МУБОРИЗАИ МУВАФФАҚОНА БО ТАМОКУКАШӢ СИТОИШ КАРД. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз ҳукуматҳои ҷаҳон даъват намуд, ки барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии сигорҳои электронӣ тадбир андешанд

Июль 28, 2021 14:26

ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 июл, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) гузориши махсусро интишор кард, ки дар он, аз ҷумла, ба татбиқи чораҳо оид ба маҳдуд кардани паҳншавии сигорҳои электронӣ, инчунин ҷорӣ намудани тамғаи махсус дар бораи хатари чунин маҳсулот барои саломатӣ даъват намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи маълумоти мутахассисони СҶТ, имрӯз беш аз 5,3 миллиард нафар дар ҷаҳон ҳадди ақалл бо яке аз чораҳои тавсиянамудаи СҶТ оид ба мубориза бо тамоку ҳифз шудаанд. Аз соли 2007 инҷониб ин нишондиҳанда чор маротиба афзудааст.

Дар гузориши нав, мутахассисони СҶТ дар бораи пешрафт дар мубориза бо эпидемияи тамоку гузориш медиҳанд. Дар аксари кишварҳо ҳиссаи истеъмолкунандагони тамоку коҳиш ёфтааст. Аммо, бинобар афзоиши аҳолӣ, шумораи умумии тамокукашон зиёд боқӣ мемонад. Тақрибан 80 фоизи тамокукашҳо, қариб 1 миллиард нафар, дар кишварҳои дорои даромади паст ва миёна зиндагӣ мекунанд.

«Тамоку яке аз сабабҳои фавт аст, ки онро метавон пешгирӣ кард. Бо сабаби истифодаи он ҳар сол 8,7 миллион нафар фавтида, даҳҳо миллион нафари дигар ба бемориҳои марбут ба он мубтало мешаванд. Аммо хушхабар ин аст, ки мо бо ин қотил чӣ гуна муносибат карданро медонем», — гуфт собиқ шаҳрдори Ню-Йорк, муассиси агентии иттилоотии машҳури   Bloomberg ва сафири ҷаҳонии СҶТ оид ба мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ Майкл Блумберг.

Ёдовар мешавем, ки СҶТ шаш тадбири асосӣ барои мубориза бо истифодаи тамокуро пешниҳод мекунад:

— мониторинги истеъмоли тамоку ва сиёсати пешгирии он;

— ҳифзи одамон аз дуди тамоку;

— таъмини дастрасии ҳадди аксари кумак ба онҳое, ки қарор кардаанд тамокукаширо тарк намоянд;

— дар ҳама ҷой ҷойгир кардани огоҳӣ дар бораи хатари истифодаи маҳсулоти тамоку;

— назорати риояи манъи реклама, таблиғи фурӯш ва сарпарастии маҳсулоти тамоку;

— баланд бардоштани андоз аз маҳсулоти тамоку.

Тибқи ин гузориш, то имрӯз, беш аз нисфи кишварҳои ҷаҳон ҳадди ақалл дутои ин чораҳоро татбиқ кардаанд. Аз соли 2019 инҷониб, ҳашт кишвар, аз ҷумла Черногория ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, талабот оид ба ҷойгиркунии огоҳиномаҳои калони тасвирии тамоку дар бастаҳои сигорро ҷорӣ кардаанд.

Шаш кишвар, аз ҷумла Гурҷистон, Португалия ва Нидерланд ба гурӯҳи кишварҳое, ки ба меъёрҳои таҷрибаи пешқадами андозбандӣ (ба шарофати ҷорӣ намудани меъёрҳои андоз на камтар аз 75 фоизи нархи чаканаи маҳсулоти тамоку)  ҷавобгӯ мебошанд, шомил шуданд.

Ба кишварҳое, ки дар мубориза бо тамокукашӣ натиҷаҳои беҳтарин ба даст овардаанд, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Русия, Украина ва Тоҷикистон дохил мешаванд.

«Масалан, мақомоти Тоҷикистон соли 2018 қонуни нави қатъӣ дар бораи назорати истифодаи тамоку қабул карданд ва тасмим доранд, ки то соли 2023 ин нишондодро 20 дарсад коҳиш диҳанд. Барои ин, аз ҷумла, дар байни аҳолӣ мунтазам пурсишҳо гузаронида мешаванд, зеро ҷамъоварии маълумот қадами аввал дар мубориза бо тамокукашӣ мебошад. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон 26 дарсади мардон ва камтар аз як дарсади занон тамоку мекашанд», — омадааст дар гузориши СҶТ.

Дар баробари ин, бино ба маълумоти СҶТ, на ҳама кишварҳо тадбирҳои мубориза бо тамокуро муваффақона амалӣ мекунанд. Баъзеи онҳо, аз ҷумла яке аз самараноктарин тадбир — афзоиши андозҳои тамоку бисёр суст амалӣ мешаванд. Ва дар 49 кишвар то ҳол ягон тадбири тавсиянамудаи СҶТ ҷорӣ нашудааст.

Мутахассисони СҶТ ба мақомоти давлатҳо тавсия медиҳанд, ки ба навъҳои нави маҳсулоти дорои никотин,  дар навбати аввал- ба истилоҳ «системаҳои интиқоли никотин», ки аз ҷумла, сигорҳои электрониро дар бар мегиранд, диққати махсус диҳанд.

Ширкатҳое, ки чунин маҳсулот истеҳсол мекунанд, аксар вақт онҳоро миёни кӯдакон ва наврасон бинобар доштани иловаҳои хушмаза пешниҳод намуда, иттилои бардурӯғ паҳн мекунанд, ки маҳсулоти онҳо нисбат ба сигорҳои муқаррарӣ безараранд ё камтар зарар доранд.

«Системаҳои интиқоли никотини электронӣ ба саломатӣ зарароваранд ва бояд самараноктар танзим карда шаванд»,-гуфт Директори генералии СҶТ доктор Тедрос Адханом Гебрейесус.

Ҳоло фурӯши системаҳои электронии интиқоли никотин дар 32 давлат манъ аст. 79 кишвари дигар ҳадди ақалл як маҳдудиятро қисман қабул кардаанд — онҳо истифодаи чунин маҳсулотро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, таблиғи онҳо ё талабот оид ба ҷой додани огоҳиро зимни бастабандӣ манъ кардаанд. Дар 84 кишвар истифодаи сигорҳои электронӣ тамоман ба танзим дароварда нашудааст.

«Бинобар он ки фурӯши сигор коҳиш ёфтааст, ширкатҳои тамоку   маҳсулоти нав, аз ҷумла сигорҳои электронӣ ва маҳсулот аз тамокуи тафсонро исроркорона пешниҳод мекунанд ва бо ин ба ҳукуматҳо фишор меоранд, то танзими онро маҳдуд кунанд»,- мегӯяд Майкл Блумберг.

Дар СҶТ ба ин назаранд, ки танзими истеҳсол ва тақсими ин гуна маҳсулот ҳанӯз мушкил аст.

«Инҳо маҳсулоти бениҳоят гуногун ва доимо навшаванда мебошанд. Дар баъзе ҳолатҳо онҳо метавонанд аз ҷониби истифодабаранда  тағйир дода шаванд, ки ин танзими таркиби никотини онҳоро душвор мекунад. Баъзе маҳсулот «бидуни никотин» муаррифӣ мешаванд, аммо дар асл унсурҳои ҷалбу одаткунандаро дар бар мегиранд»,-мегӯяд Директори Департаменти Тандурустии СҶТ доктор Рюдигер Креч.

СҶТ кишварҳоро даъват мекунад, ки сиёсати мувофиқро таҳия ва аҳолиро аз хавфҳои марбут ба маҳсулоти нави дорои никотин ҳифз кунанд.

Ёдовар мешавем, ки коршиносони СҶТ қаблан низ самаранокии сиёсати зиддитамокуи Ҳукумати Тоҷикистонро зикр намуда буданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, моҳи феврали соли равон дар Душанбе натиҷаҳои татбиқи Конвенсияи даврии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бо тамоку дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Коршиносони СҶТ изҳор доштанд, ки сатҳи тамокукашӣ дар кишвар коҳиш меёбад. Зикр гардид, ки тадбирҳои қонунгузории қабулшуда самаранокии худро нишон медиҳанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку» соли 2010 қабул карда шуд ва аз соли 2013 инҷониб бори аввал Тоҷикистон ба Конвенсияи даврии СҶТ оид ба мубориза бо тамоку пайваст.

Ғайр аз ин, 31 майи соли 2017 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонун «Дар бораи реклама» якдилона ва бидуни муҳокима иловаҳо қабул кард, ки мутобиқи он дар кишвар таблиғи тамоку ва машрубот, аз ҷумла сарпарастии барномаҳои хабарӣ тавассути радио ва телевизион аз ҷониби ширкатҳои дахлдор манъ аст.

31 майи соли 2018, дар Рӯзи ҷаҳонии  мубориза бо тамокукашӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар мубориза бар зидди тамокукашӣ бо медали СҶТ сарфароз гардонида шуд.

СҶТ зикр намуд, ки бо ташаббуси Сарвари давлат дар Тоҷикистон моҳи январи соли 2018 тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ гардида, инчунин маҳдудияти муайян барои таблиғи маҳсулоти тамокудор ҷорӣ карда шуд.

 

ДАР АКС: ҳамасола дар саросари ҷаҳон аз таъсири тамокукашӣ беш аз 8 миллион нафар мемиранд. Акс Unsplash / K. Solims

Июль 28, 2021 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»