Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ карда, бо сокинон мулоқот намуданд

Июль 28, 2021 09:11

ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Айниро ифтитоҳ карданд.

Маҷмааи калони варзишӣ бо майдони футбол ва дигар иншооти зарурии соҳа ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар майдони 16 гектар бунёд гардидааст.

Варзишгоҳи мазкур дорои 6 ҳазор ҷойи нишаст буда, дар маҷмӯъ аз 7 минбари нишастгоҳ иборат мебошад.

Баландии минбари асосӣ, ё худ ҷойи нишасти меҳмонони олиқадр қариб 12 метр буда, дар вақти бунёди варзишгоҳ таваҷҷуҳи асосии фармоишгар ва пудратчии иншоот — Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ПМК-278” ба сифати корҳои сохтмонӣ равона гардидааст.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми иншоот барои мураббиёну варзишгарон 8 ҳуҷраи либосивазкунӣ, 16 нуқтаи санитарӣ, ҳуҷраҳои корӣ, анбори таҷҳизоти варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ сохта шудааст.

Дар маҷмааи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба футбол ва машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки минбаъд бо баргузор кардани мусобиқаҳои сатҳи баланд ҷавонону наврасони ноҳия ба машқу тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд мебардоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи марказиро пеш аз ҳама барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар ноҳия ва умуман водии Зарафшон муҳим арзёбӣ карда, дар арафаи таҷлил аз 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаи арзанда маънидод намуданд.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои як қатор иншооти таъиноти гуногун, ки дар шафати варзишгоҳ дар мавзеи хушбоду ҳавои ноҳияи Айнӣ аз тарафи соҳибкорони вилояти Суғд бунёд мегардад, муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати дастрасии хонандагон ба таҳсили замонавӣ бунёди Мактаб барои хонандагони болаёқат бо 400 ҷойи нишаст, хобгоҳ бо 250 ҷой, маҷлисгоҳ бо 300 ҷой, ошхона барои 350 нафар, толори варзишӣ ва майдончаҳо барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол, муассисаи томактабӣ дар назди мактаб барои 200 нафар кӯдак, сохта мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати обод кардани боз як гӯшаи диёр баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулинро ба сифати корҳои сохтмонӣ ҷалб карданд.

Ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ ва мулоқот бо сокинони ноҳияи Айнӣ 28.07.2021

Июль 28, 2021 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд