Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд

Июль 21, 2021 12:35

ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд.

Нахуст Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Тоҷикобод бо ҷараёни сохтмон ва навсозии иншооти аз офати табиӣ зарардида шинос шуд.

Мавриди зикр аст, ки бар асари заминларзаи рӯзи 10 июл дар деҳаҳои Кули калон, Бӯстон, Сари чашма, Лангари шоҳ, Сумандара, Анваробод, Мазори боло ва Мазори поёни деҳоти Лангари шоҳ ва деҳаҳои Сафедобу Ғанишоби деҳоти Қалъаи лаби об 210 манзили истиқоматии сокинон қисман ва 58 тои дигар пурра хароб шуда, ҳамчунин иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳангӣ низ зарар диданд.

Дар асоси таваҷҷуҳи махсус ва пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии шароиту имконот ва рафъи оқибатҳои заминларза дар ноҳияи Тоҷикобод сароғоз хаймаҳо ва маводи зарурии хӯрока дастрас карда шуда буд.

Дар идомаи сиёсати ғамхорона ва инсонпарварона аз ҳисоби кумакҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масолеҳи сохтмонӣ ба минтақаи зарардида дастрас карда шуд.

Ҳамин тариқ аз рӯзҳои нахустини ба амал омадани офати табиӣ, барои фароҳамовардани шароити зарурӣ ба ноҳияи Тоҷикобод семент, арматур, тахта, бомпӯш, хайма ва дигар маводи зарурӣ ба аҳолии аз заминларза зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод дастрас карда шуд.

Бояд гуфт, ки муҳайёсозии шароити арзандаи зист барои шаҳрвандон дар сиёсати иҷтимоии давлат афзалият дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои заруриву саривақтӣ андешида мешаванд.

Бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳама гуна вазъ дар фикру андешаи шаҳрвандони мамлакат мебошанд, барои бартарафсозии мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла зарардидагони офатҳои табиӣ бевосита кумакҳои хешро сафарбар сохта, аз ҳолу аҳволи бошандагони минтақаҳои зарардида пайваста бохабар ҳастанд.

Бо дарназардошти ин, тибқи дастуру супоришҳои саривақтии Роҳбарияти давлат, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои харобиовари заминларза ва муҳайёсохтани имконоти аввалини будубош барои зарардидагон дар заминаи чораҳои таъхирнопазир тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, имрӯзҳо бо ҷалби техникаҳои зарурӣ корҳо ҷараён доранд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулозода зимни шиносоӣ бо ҳолати ҷойдошта ва мулоқот бо сокинони аз офати табиӣ зарардида таъкид намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кутоҳтарин муҳлат оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шуда, 4 муассисаи таълимии зарардида то аввали соли хониши 2021-2022 сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Таъкид бояд кард, ки ба 58 оилае, ки манзили истиқоматиашон пурра хароб гаштааст ба ҳар як оила 10 тонна семент, 10 метри кубӣ тахта, 2 тонна арматур ва 100 дона бомпуш расонида шуд.

Инчунин ба 210 оилае, ки манзили истиқоматиашон қисман зарар дидааст, ба ҳар як оила 5 тонна семент, 5 метри кубӣ тахта, 1 тонна арматур ва 50 дона бомпуш дастрас гардид.

Дар идома Сарвазири мамлакат бо фаъолони ноҳияи Тоҷикобод мулоқот намуд.

Таъкид шуд, ки барои самаранокии фаъолияти мақомот, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои се соли оянда таҳия гардидааст, ки бо дарназардошти муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, инчунин барномаҳои қабулгардидаи давлативу соҳавӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат корҳо ҷараён доранд.

Зимни мулоқот соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, аз масъулон амалӣ сохтани чораҳои лозима баҳри бунёди иншооти соҳаи тандурустӣ, маориф, варзишӣ, саноат, таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи маорифу тандурустӣ, барқарор намудани иншооти дар ҳолати садамавӣ қарор дошта ва истифодаи мақсадноки замин талаб карда шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз Сарвазири мамлакат бо ҷараёни тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, ки дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ анҷом дода мешавад, шинос шуд.

Дар доираи ҷашнҳои миллӣ дар ноҳияи Тоҷикобод сохтмон ва навсозии 77 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз 49 тои он пас аз бунёд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Дар 18 иншооти дигар бошад корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари иншооти ба нақшагирифташуда ҳамзамон сохтмони беш аз 30 иншооти дигар ҷараён дорад, ки тибқи дурнамо дар кутоҳтарин муҳлат сохта ба истифода дода мешавад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ таъкид намуд, ки иншооти ба нақшарифташударо дар асоси талаботи меъморӣ ва шаклу унсурҳои хоси миллӣ бо ба инобат гирифтани таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд намоянд.
Ҳамчунин дар ин рӯз Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Рашт низ аз минтақаҳои зарардида боздид ба амал овард.

Дар ноҳияи Рашт дар натиҷаи заминларзаи рӯзи 10 июл 31 манзили истиқоматӣ қисман ва чортои дигар пурра хароб гардид.

Барои барқарор намудани манзилҳои истиқоматӣ аллакай масолеҳи сохтмонӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмак карда шуда буд, дастрас гардидааст.

Дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои офати таббӣ тамоми самтҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, оид ба тезонидани корҳои бартарафсозӣ ва ба талаботи замин бунёд намудани манзилҳои истиқоматӣ масъулон вазифадор гаштанд.

Дар идома Сарвазири мамлакат корхонаи истеҳсоли қуму шағалро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда, техникаву таҷҳизоти муосир оварда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки корхона метавонад дар баробари ноҳияи Рашт ҳамзамон дигар ноҳияҳои минтақаро бо маҳсулоти сохтмонӣ таъмин созад.

Июль 21, 2021 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Рашт иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Раштро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд