Сулаймон Давлатзода: Маблағи умумии ҷарима барои риоя нагардидани талаботи қонуни танзим беш аз 1 млн сомониро ташкил медиҳад

Июль 22, 2021 11:50

ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парвандаи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ин теъдод 9 адад қатъ карда шуда, вобаста ба 349 ҳолати боқимонда қарори дахлдор бароварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 ҳолат кам мебошад. Маблағи умумии ҷарима 1 млн 388 ҳазору 279 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 764 ҳазору 528 сомонӣ рӯёнида шудааст.

Дар ин бора имрӯз, 22 июл зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  раиси Кумита Сулаймон Давлатзода иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷараёни баргузории маъракаҳо 13 412 адад санҷиш гузаронида шуд.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода  зикр намуд, ки 4090 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар ғайрирасмӣ таҳсил менамуданд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ то имрӯз 3916 нафар донишҷӯ ба Ватан баргардонида ва 65 нафари онҳо дар ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Тибқи ҳисоботи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, айни ҳол 83 нафар донишҷӯ дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои исломию мусулмоннишин ғайрирасмӣ таълим мегиранд. Барои ба Ватан баргардонидани онҳо корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ идома доранд.

Дар ҷараёни нишаст зикр шуд, ки дар ҷумҳурӣ 49 масҷиди ҷомеаи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 67 ташкилоти динии ғайрирасмӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмӯъ 4059 иттиҳодияи динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба қайд гирифта шудаанд.

Июль 22, 2021 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд