СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар Душанбе таҳти унвони «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!» барномаи фарҳангӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл дар пойтахт бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!» аз ҷониби намояндагону волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи «30 ҳафтаи ободонӣ, созандагиву бунёдкорӣ, иқдомҳои созанда ва ташаббускории ҷавонон» амали хайрхохона анҷом дода шуд. Аз ҷумла, намояндагони Кумита дар ин рӯз ба аёдати якумин наттоқи барномаи «Ахбор»-и шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон Рафоат Абдусаломова рафта, аз аҳволи номбурда хабардор шудаанд.Сипас ба аёдати бошандагони Хонаи маъюбони шаҳри Душанбе рафта, ба онҳо барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ пешниҳод намуданд.