ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
ДУШАНБЕ, 01.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Диабети қанд бемории музминест, ки дар натиҷаи вайрон шудани истеҳсол ё таъсири инсулин — гормоне, ки воридшавии глюкозаро ба ҳуҷайраҳои организм таъмин мекунад, ба вуҷуд меояд. Дар чунин ҳолат сатҳи қанд дар хун боло рафта, мубодилаи моддаҳо халалдор мешавад. Солҳои охир ба диабети қанд на танҳо шахсони миёнасол, балки ҷавонон ва ҳатто наврасони 12–15-сола низ ба он гирифтор мешаванд.
Мутахассисони соҳаи тиб омили афзоиш ва ҷавоншавии ин бемориро аз тағйири тарзи ҳаёт, истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб, хӯрокҳои серкарбогидрат, нӯшокиҳои ширин, фастфуд, камҳаракатӣ ва афзоиши фарбеҳӣ рабт медиҳанд. Пас, барои беморони диабети қанд истеъмоли кадом намуди хӯрокҳо ва бо кадом андоза тавсия дода мешавад?
Мутахассисони эндокринолог таъкид менамоянд, ки яке аз омили гирифтор шудан ба диабети қанди навъи 2 он бештар истеъмоли шириниву чарбҳо мебошад. Нафарони гирифтори диабети навъи 2 бояд бештар мева ва бутамеваҳо истеъмол намоянд. Зеро беҳтарин роҳи иваз намудани ширинӣ аст. Бофтаҳои ғизоии таркиби он боиси ба оҳистагӣ ҷабида шудани фруктоза мегардад. Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ба нафарони гирифтори диабети қанд дар як рӯз истеъмол намудани 300-400 грамм меваро тавсия медиҳад. Ба беморони қанд, истеъмоли меваҳои начандон ширин тавсия дода мешавад, вале аз ангур, банан ва хурмо худдорӣ бояд намуд.
Истеъмоли асал низ ба гирифторони диабети қанд тавсия дода намешавад. Аксари беморон ба ҷои шакар асалро истеъмол мекунанд, вале новобаста аз хусусиятҳои шифобахшаш глюкозаи таркиби асал баробари шакар ё қанд аст. Дар баробари ширинҳо маҳсулоти дигаре ҳаст, ки қандро дар хун баланд месозанд.
Ҳамчунин барои гирифторони ин беморӣ истеъмоли нони аз орди навъи дуюму сеюм пухташудаи сабусдорро тавсия дода мешавад. Инчунин истеъмоли биринҷ ҳангоми диабети қанд мумкин аст, вале он бояд дуруст пухта шавад. Биринҷ набояд аз ҳад зиёд ҷӯшида ба шавла мубаддал гардад.
Ба нафарони гирифтори диабети қанд картошкаи обпаз ё бо пӯсташ пухташуда тавсия дода мешавад. Картошкаи дар равған пухташуда калорияи баланд дорад. Истеъмоли макарон низ ба беморони диабети қанд тавсия дода намешавад, зеро он ҳам ба карбогидради сустҳазмшаванда дохил мешавад.
Мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба беморони гирифтори диабети қанд истеъмоли чунин ғизоҳоро тавсия медиҳанд:
– нони сиёҳ ва сафед дар як рӯз 200-300 грамм;
– шӯрбои обпаз аз сабзавот, шӯрбои сабук аз гӯшт ё моҳӣ бо сабзавот дар як ҳафта 1-2 маротиба;
– гӯшти гов, гӯсола, мурғ, хурӯси мурғи марҷон дар намуди обпаз ё буғ;
– навъҳои камравғани моҳӣ дар намуди обпаз;
– таом ва хӯришҳо аз сабзавот ва кабудиҳо – карам, гулкарам, хӯриш аз шалғам, помидор, каду, картошка, лаблабу, сабзӣ (то 200 грамм). Дар як шабонарӯз 900-1000 грамм сабзавот дар шакли тару тоза ва обпаз;
– тухми нимпаз 1-2 дона дар як рӯз дар намуди чалпак, инчунин илова ба таомҳо;
– навъҳои мева ва буттамеваҳои турш ва туршу ширин (себи антонӣ, лимӯ ва афлесун, қоти сурх, тути заминӣ ва ғайра) то 200 грамм як дар рӯз дар шакли тару тоза ва шарбат аз онҳо;
– шир, ҷурғот, панир дар шакли табиӣ ё самбӯсаи панирӣ. Панир, қаймоқ ба миқдори кам;
– хӯришҳо аз сабзавот, моҳии камравған;
– чой, чой бо шир, қаҳваи суст, шарбати помидор, шарбатҳои мевагӣ ва буттамевагӣ аз навъҳои турш;
– равғани маска ва растанӣ дар як рӯз 40 грамм (дар шакли табиӣ ва тайёр кардани ғизо).
Бемории диабети қанд табобатшаванда аст, вале ба пуррагӣ нест намешавад. Дар ҳолати сари вақт табобат гирифтан, ҷараёни беморӣ сабук мегузарад ва оризаҳои беморӣ камтар мушоҳида мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд






