ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 июл, шанбе, 184-умин рӯзи соли 2021 аст

Июль 3, 2021 08:00

3 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ва «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»-ро ба имзо расониданд.

***

8 сол пеш, 3 июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар фазои созанда ва дӯстона сарони ду кишвар оид ба вазъи кунунӣ, дурнамо ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои мушаххас бо таваҷҷуҳи хосса ба таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуд, ки он бекор кардани ҳукми қатл барои занонро дар бар мегирифт.

 3 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Россия ва ИДМ — Рӯзи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ.

 ***

Дар Беларус – Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Алҷазоир – Рӯзи Истиқлолият.

 РӮЙДОДҲО:

3 июли соли  2006 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон Маркази бемориҳои саратоншиносӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

***

3 июли соли 2014 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» Бизнес-форуми дурӯзаи доираи соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.

***

85 сол пеш, 3 июли соли  1936 Бозрасии давлатии автомобилии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд.

***

3 июли соли 1863 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Филиппин қариб 1000 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1880 кишварҳои пешбари Аврупо ва ИМА Конвенсия дар бораи эълон намудани Истиқлолияти Марокашро имзо намуданд.

***

3 июли соли 2007 дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ шаҳри Сочии Федератсияи Россия ҳамчун макони баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ қабул гардид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1886  муҳандиси немис Карл Фридрих Бенс аввалин маротиба дар ҷаҳон мошини ихтироънамудаи худро ба намоиш гузошт.

***

Соли 1915  дар Туркия аввалин маротиба пули коғазӣ ба муомилот бароварда шуд.

***

Соли 1928  аввалин телевизор ба фурӯш бароварда шуд, ки 75 доллари амрикоӣ арзиш дошт.

Июль 3, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, сешанбе, 270-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, душанбе, 269-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, якшанбе, 268-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, шанбе, 267-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, ҷумъа, 266-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, панҷшанбе, 265-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, чоршанбе, 264-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, сешанбе, 263-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, душанбе, 262-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, якшанбе, 261-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, шанбе, 260-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, ҷумъа, 259-умин рӯзи соли 2022 аст