Туҳфаи гаронарзиши Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» ба сокинони шаҳри Левакант тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 20.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи гаронарзиш- 7380 нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба сокинони шаҳри Левакант тақдим гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, раиси шаҳр Зарина Давлатзода зимни тақсими туҳфаи Пешвои муаззами миллат — китоби «Тоҷикон» дар Қасри фарҳанг ба масъулин шахсан ба ҳар оила дастрас намудани онро таъкид намуд.
Туҳфаи Пешвои миллат- китоби «Тоҷикон» бо иштироки шахсони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи шаҳр ба ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ирсол мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.
АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






