Варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба Ватан бе медал бармегарданд

Июль 31, 2021 12:10

ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ду варзишгари охирини ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон – Баҳодур Усмонов дар намуди бокс ва Илдар Аҳмадиев дар варзиши сабук дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқа карданд.  Баҳодур Усмонов, ки дар даври аввали вазни -63кг бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба карда буд, дар ҳаштякфинал аз варзишгари Узбекистон Элнур Абдураимов бо ҳисоби 0:5 мағлуб гардида, аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.  

Ҳамчунин варзишгари дигари тоҷик Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр иштирок кард. Миёни мардон дар ин масофа 26 нафар дар се гурӯҳ сабқат намуданд ва 10 нафарашон, ки натиҷаи беҳтар доштанд, ба нимфинал роҳ ёфтанд. Илдар дар гурӯҳи сеюм бо натиҷаи 10.66 сония чорум ва миёни 26 нафар иштирокчӣ ҷои 12-умро сазовор гардид. Натиҷаи беҳтаринро дар марҳилаи интихобии дав ба масофаи 100 метр намояндаи Уммон Баракат ал Ҳартӣ нишон дод (10.27).

Ҳамин тариқ, иштироки ҳамаи варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба анҷом расида, онҳо аз медалҳои Олимпиадаи Токио-2020 бенасиб монданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз даҳ варзишгар иборат буд – Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (дзюдо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ), Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук).

Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки 23 июл оғоз гардиданд, то 8  август идома меёбанд. Пас аз нуҳ рӯзи рақобатҳо дар ҷадвали ҳисоби медалҳо дастаи мунтахаби Чин бо 19 медали тилло, 11 нуқра, 11 биринҷӣ пешсаф аст. Дастаи мунтахаби олимпии Ҷопон бо 17 медали  тилло, 4 нуқра, 7 биринҷӣ дар ҷои дуюм ва ИМА бо 16 медали тилло, 17 нуқра, 11 биринҷӣ дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Дар ин олимпиада варзишгарони 70 давлат ба гирифтани медали олимпӣ, аз ҷумла намояндагони 42 давлат ба дарёфти медали тилло мушарраф гардиданд.

 

АКС аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

 

Июль 31, 2021 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад