Вазири корҳои дохилӣ бо варзишгарони дастаи мунтахаби шиноварии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бо намояндагони дастаи мунтахаби мамлакат оид ба шиноварӣ ва варзишгароне, ки ба Олимпиадаи батаъхирафтодаи шаҳри Токиои Япония-2020 роҳхат гирифтаанд, суҳбат намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» итттилоъ доданд.
Дар мулоқот котиби генералии Федератсияи шиноварии ҷумҳурӣ Муҳаммадшо Абдуллозода, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Муҳаммад Табаров ва варзишгарони шиновар Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов, ки барои иштирок дар Олимпиадаи Япония — 2020 роҳхат гирифтаанд, ширкат доштанд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода варзишгаронро ба омодагии ҷиддӣ дидан ва дар сатҳи баланд нишон додани маҳорату малакаи касбии хеш дар ин мусобиқаи муҳими варзишии сатҳи ҷаҳонӣ ҳидоят намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки варзишгарони шиновари кишварамон дар олимпиада сазовор баромад намуда, бо ишғоли мақомҳои ифтихорӣ номбардори давлату Ватани хеш мегарданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ варзишгарон аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард






